Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Буш ба санади конгресс вето гузошт


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба як санади конгресси ин кишвар вето гузошт, ки дар он аз ӯ хоста мешуд, ҳамин сол ба ихроҷи нерӯҳои ҷангии Амрико аз Ироқ оғоз кунад.


Конгресси Иёлоти Муттаҳида, ки таҳти контроли вакилони демократ қарор дорад, бо ин санад барои амалиёти низомӣ дар Ироқу Афғонистон 100 миллиар доллар ихтисос додааст.


Вале вакилони демократ ҳамзамон барои тағйир додани стротежии ҷанг дар Ироқ ҷадвали замонӣ барои ихроҷи нерӯҳои ҷангиро низ таъйин кардаанд, ки раиси ҷумҳур Ҷорҷ Буш мухолифи ин гуна ҷадвал аст.
XS
SM
MD
LG