Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳхати аввал дар дасти Ливерпул


Барои роҳхати дуввум Милан ва Манчестер қувва меозмоянд

Дар соатҳои нахустини рӯзи дуввуми май бозии ҷавобии Ливерпул ва Челси дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо бо пирӯзии Ливерпул анҷом ёфт.

Ин ду дастаи бритониёӣ барои роҳхати аввал ба бозии ниҳоии бонуфузтарин мусобиқоти дастаӣ дар ҷаҳон мубориза бурданд. Дар бозии аввал дастаи миллионерҳои Абрамович, он тавре, ки аз Челси ном мебаранд, бо ҳисоби як бар сифр пирӯз омада буд.

Вақти асосӣ ва иловагии бозии имшаба низ бо ҳамон ҳисоб, танҳо ин навбат ба нафъи Ливерпул анҷом пазируфт. Воқеан, дар ин бозӣ Андрей Шевченко, ситораи футболи Укроин ва узви дастаи Челси бино бар лат хӯрданаш натавонист ширкат кунад. Шевченко ҳатман, ки ба Челси дар задани зарбаҳои ёздаҳметари баъди бозӣ кор меомад. Дар пеналти танҳо як тӯби Челси вориди дарвозаи Ливерпул шуд ва дар ҷавоб чаҳор зарбаи Ливерпул ба ҳадаф расид.

Бад ин тартиб, Ливерпул ба финал баромад. Дар се соли ахир ин саввумин бор аст, ки Ливерпул ба бозии ниҳоии ин мусобиқот мебарояд.

Ҳамакнун, Ливерпул ва мухлисони футбол аз саросари ҷаҳон шаби сеюми май дар варзишгоҳи Сан-Сиро дар бозии байни Милан ва Манчестер Юнайтед соҳиби рохҳати дуввумро интизор мешаванд. Дар бозии аввал дар майдони худ, Манчестер бо ҳисоби се бар ду бар Милан ғолиб омада буд ва акнун, итолиёвиҳоро зарур меояд, ки ба ҳар навъе ғалаба кунанд, дар акси ҳол, бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо ба қавле бозии англисӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG