Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тира шудани равобити Маскаву Таллин


Сафари ҳайати парлумонии Русия ба Таллин, пойтахти Эстония, ба таниши равобити дуҷонибаи ин кишварҳо, ки дар пайи рафъи муҷассамаи сарбози ҷанги дуюми ҷаҳон сар зад, шадидтар шудааст. Қонунгузорони русӣ, ки рӯзи душанбе аз Таллин дидан карданд, аз ҳукумати Эстония даъват карданд, ки ба истеъфо равад. Вазорати умури хориҷаи Эстония ҳайати Русияро дар беэътинойӣ ба мулоқоти барномарезишудаи мақомоти Таллин муттаҳам кардааст. Дар пайи ошӯбҳои эътирозгарони рафъи ҳайкали сарбози шӯравӣ дар Таллин як нафар кушта ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Рӯзи душанбе муҷассамаи биринҷӣ дар оромгоҳи муҷассамаҳои Таллин ҷо дода шуд.
XS
SM
MD
LG