Пайвандҳои дастрасӣ

Гузориши интиқодомез боиси истеъфои вазир шуд


Як вазири ҳукумати Исроил дар пайи нашри гузорише оид ба кӯтаҳиҳои Телавив дар ҷанги порсолаи Ҳизбуллоҳи Лубнон ба итеъфо рафт. Гузориши мазкур, ки дирӯз муаррифӣ шуд, нахуствазир Эҳуд Олмерт ва ҳукумати вайро дар иштибоҳҳои тобистони соли гузашта гунаҳгор медонад. Вазири ба истеъфорафта Эйтан Кабел имрӯз дар як нишасти матбуотӣ дар Телавив гуфт, ки умедвор аст, истеъфои вай ба оғози ҷараёни барканоршавии Олмерт сабаб хоҳад шуд. Кабел гуфт: "Камиссиюн рӯшан ва мушаххас қарор кард, ки Эҳуд Олмерт масъул аст. Эҳуд Олмерт бояд ба истеъфо равад. Нахуствазир бояд масъулиятро ба дӯш гирад ва масъулият он чизе нест, ки бояд тақсим шавад. Ман дар ҳукумате, ки аз ҷониби Эҳуд Олмерт раҳбарӣ мешавад, буда наметавонам" Дар ҳамин ҳол Олмерт гуфтааст, қасд надорад аз мақоми нахуствазирӣ канор биравад.
XS
SM
MD
LG