Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Ал Қоида дар Ироқ кушта шуд


Вазорати умури дохилаи Ироқ гуфт,ки гузоришҳои расида оид ба кушта шудани Абу Айюб ал Масрӣ, раҳбари Ал Қоида дар Ироқро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Сухангӯи ин вазоратхона Абдулкарим Халаф дар сӯҳбати телевизионӣ гуфт, ки вазорат,ба қавли вай, як маълумоти бисёр ҷиддии ҷосусиро ба даст овардааст, ки мегӯяд, Ал Масрӣ дар як даргирии дохилии миёни ҷангиён дар шимоли Бағдод ба ҳалокат расидааст. Сухангӯи низомиёни амрикойӣ дар Ироқ ҳанӯз ин маълумотро тасдиқ накардааст. Баъди он,ки июни соли 2006 нирӯҳои амрикойӣ раҳбари ҷангиёни Ал Қоида дар Ироқ размандаи урдунитабор Абу Муссаб Аззарқавиро ба ҳалокат расониданд, Ал Масрӣ раҳбарии ин шабакаи террористиро ба ӯҳда гирифт.
XS
SM
MD
LG