Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Душанбе ҳоли фақиронро баррасӣ мекунанд


so

Фардо, дуввуми май, дар шаҳри Душанбе дар мавзӯъи камбизоатӣ дар Тоҷикистон конфронси миллии дурӯза оғоз меёбад. Баргузоркунандагони ин конфронс давлати Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ ва Бунёди Созмони Милал оид ба ҳимояти кӯдакон ҳастанд.


Дар баёнияи расмии конфронс гуфта мешавад, ҳарчанд дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, аммо феълан кӯдакони ин кишвар бештар аз бузургсолон аз фақру камбизоатӣ ранҷ мекашанд. Агар камбизоатӣ дар миёни бузурсолон 61 дарсадро ташкил диҳад, пас дар миёни насли хурдсол теъдоди атфоли камбизоат 66 дарсад будааст.


Дар ҳамин ҳол тибқи як хабар дар Тоҷикистон фаро гирифтани атфол бо таҳсил бадтар шуда ва маргу мирашон ҳамчунон зиёд гардидааст.


Қарор аст, дар ин ҳамоиш роҳҳои ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ва барномаҳои давлатии Тоҷикистон барои коҳиши он дар кишвар баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG