Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Панҷ нафар дар Бритониё ба ҳабси абад маҳкум шуданд


Як додгоҳи Бритониё рӯзи душанбе, 30 апрел, панҷ узви як гурӯҳи террористиро ба талош барои анҷоми бомбгузориҳо гунаҳкор донист ва онҳоро ба ҳабси абад маҳкум кард.


Ҳангоми судури ҳукм, додрас он панҷ нафарро золимони бадҷинс хонд ва барои баъзе то 40 соли зиндон муқаррар кард ва гуфт, баъзеи дигар шояд ҳеҷ гоҳ озод намешаванд.


Пештар аз ин додситонҳои бритониёӣ гуфтанд, ки ин гурӯҳ мехост, барои инфиҷори фурӯшгоҳҳо, клуби шабона ва шабакаи тавзеъи гази табиӣ бомб дуруст кунад.
XS
SM
MD
LG