Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози садҳо нафар дар ғарби Афғонистон


Ҳудуди 1000 нафар дирӯз, 30 апрел дар ғарби Афғонистон даст ба тазоҳурот зада ва нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрикоро ба куштани даҳҳо ғайринизомиёни афғон муттаҳам карданд.


Ин тазоҳурот дар ноҳияи Шиндонди вилояти Ҳирот сурат гирифт ва ҳудуди ҳазор эътирозгар ба бинои ҳукумати маҳаллӣ ҳамла карданд.


Нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон мегӯянд, ки ҳамроҳ бо қувваҳои давлатии Афғонистон тайи чанд рӯзи гузашта дар вилояти Ҳирот даҳҳо тундравони Толибонро куштанд.


Вале ин нерӯҳо доир ба талафоти ғайринизомиён дар ҷараёни ду набард, ки дар онҳо аз ҳавопаймоҳо низ истифода шудааст, ягон гузорише надодаанд.
XS
SM
MD
LG