Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар бораи Тоҷикистон ва дар бораи терроризм


Дар робита ба зуҳуроти терроризм дар Осиёи Марказӣ Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ки ин падида ҳанӯз ҳам як мушкилӣ барои кишварҳои Осиёи ҷанубӣ ва Марказӣ боқӣ мемонад. Дар гузориш гуфта шудааст, дар Осиёи Марказӣ терроризм ҳанӯз ҳам хатар эҷод мекунад ва идораи номуносиб ва вазъи бади иқтисодӣ заминаҳоро барои ҷалби афрод ба гурӯҳҳои терористӣ фароҳам сохтааст.

Дар мавриди Тоҷикистон дар гузориш омадааст, бо доштани 1.400 километр марзи муштарак бо Афғонистон, Тоҷикистон бидуни қайду шарт дар амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо манобеъи маҳдуди худ кӯмак кард.

Баъди эъзоми нерӯҳои Амрико ба Афғонистон, Тоҷикистон иҷоза дод, то барои анҷоми амалиёти зиддитеррористӣ аз фазову қаламраваш истифода шавад. Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, набуди манобеъ ягона монеа дар роҳи пешрафти давлати Тоҷикистон барои муқобила бо терроризм аст.

Дар гузориш гуфта мешавад, ки Тоҷикистон кишвари паноҳгоҳи гурӯҳҳои терористӣ нест, аммо тундравон аз Покистон ва аз марзи 1400 километрии камҳифозати он бо Афғонистон ба Тоҷикистон гузаштаанд. Амрико барои омӯзиши марзбонони тоҷик ва муҷаҳҳаз кардани онҳо ва тақвияти ҳифозати марз дар Тоҷикистон тақрибан шаш миллион доллар масраф кардааст.

Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷаи Амрико, ин иқдомот кӯмак мекунад, то роҳи террористони эҳтимолӣ, ки қасди вуруд ба Тоҷикистонро доранд, гирифта ва марзҳо беҳтар посбонӣ шавад.

Давлати Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳҳои тундравро мамнӯъ карда ва гурӯҳҳои террористӣ, ба мисли Ҳаракати исломии Узбакистон ва созмони тундрави Ҳизби таҳрирро аз наздик пайгирӣ мекунад.

Дар соли 2006 додгоҳҳои Тоҷикистон 32 нафарро бо гуноҳи узвият дар Ҳизби таҳрир ба зиндон маҳкум карданд, ки 13 нафари онҳо зан мебошанд. Ҳамчунин дар гузориш, доир ба боздошти аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ва ҳамлаи як гурӯҳи роҳзанони мусаллаҳ ба марзи Тоҷикистону Қирғизистон ёдовар шудаанд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои Шонҳой, Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Маркази зиддитеррористии кишварҳои Муштаракулманофеъ дар фаъолиятҳои зиддитеррористӣ ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG