Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қадаме дигар ба сӯи Созмони ҷаҳонии тиҷорат


маркази маъмурии вилояти Суғд шурӯъ шуд. ки 30 апрел дар шаҳри Хуҷанд

Дар ин давраи омӯзишӣ, ки се рӯз идома мекунад, намояндаҳои корхонаҳои коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон, сохторҳои марбутаи давлатӣ ва ниҳоду ширкатҳои хадамотрасон иштирок доранд. Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Маркази байналмилалии тиҷорат (МБТ) дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» доир мешавад ва мутахассиси ин соҳа хонум Намрата Вакхалу, ки мушовири байналмилалии МБТ мебошад, ба он даъват шудааст.

Ҳадафи ин чорабинӣ беҳтар гардонидани имконоти рақобатпазирии соҳаи коркарди мева ва сабзавот тавассути ворид намудани низоми мудирияти бехатарии маводи ғизоӣ дар корхонаҳо бо кӯмаки ниҳодҳои хадамотрасон будааст.

Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир, маҳсулоте, ки корхонаҳои коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон истеҳсол менамоянд, бо сабаби посухгӯ набудан ба меъёрҳои байналмилалӣ оид ба бехатарӣ ва сифат дар бозори ҷаҳонӣ камтар рақобатпазиранд. Бино бар қавли ҷаноби Камолов, мушкили дигари корхонаҳои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ, ин надоштани гувоҳиномаи мутобиқат ба низоми мудирияти сифат аз рӯи меъёри байналмилалии мавсум ба ISO 22000;2005 мебошад. Доштани ин гувоҳиномаи сифат ва ҷорӣ намудани низоми мудирияти бехатарӣ аз рӯи усули мавсум ба ҲАССП (HACCP) яке аз шартҳои аслии иҷозаи истеҳсол ва фурӯши маводи ғизоӣ дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон будааст. Шумори ин кишварҳо рӯз ба рӯз меафзояд ва ҷорӣ намудани ин низом дар корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон низ хеле зарур аст. Ва ин барои нахустин бор аст, ки чунин як давраи омӯзишӣ дар Тоҷикистон дар ин мавзӯъ баргузор мегардад.

Хонум Намрата Вакхалу гуфт, бо ҷорӣ намудани низоми нави мудирияти бехатарии маҳсулот, корхонаҳои Тоҷикистон як силсила мафод хоҳанд ёфт. Аз ҷумла, самаранокии низоми идоракунии бехатарии истеҳсоли маҳсулот боло рафта, маҳсулоти корхона дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ бештар рақобатпазир хоҳад гардид. Бехатарии маҳсулот дар асоси ҷорӣ намудани системаи HACCP эътимоди харидор ва шариконро ба маҳсулоти корхона бештар намуда, барои боло бурдани имиҷи корхона ва аз нигоҳи сармоягузорӣ ҷолиб будани он мусоидат мекунад.

Саидмӯъмин Камолов мегӯяд, соҳаи коркарди мева ва сабзавот дар Тоҷикистон аз соҳоти афзалиятноки дастгирӣ унвон шуда ва имконоти содиротии маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотӣ ба берун аз Тоҷикистон болотар аз дигар соҳаҳо мебошад. Пешрафти ин соҳа метавонад дигар соҳаҳои кишоварзиро низ ба дунболи худ ба сӯи рушд бибарад, аҳолии рустоии кишварро ба парвариши меваву сабзавот шавқманд созад ва тавсеъаи фаъолияти корхонаҳо мардумро бо ҷои кор таъмин карда дар самти коҳиши мизони фақр дар Тоҷикистон саҳм бигзорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Камолов, маҳз бо назардошти ҳамин омилҳо аз ҷониби Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Тоҷикистон як тарҳе бо номи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» амалӣ мешавад ва дастгирии соҳаи коркарди мева ва сабзавоти Тоҷикистон, боло бурдани имконоти рақобатпазирии корхонаҳои коркард ва тавлиди маҳсулоти мевагӣ ва сабзавотии Тоҷикистон дар бозорҳои беруна ва мусоидат ба боло бурдани иқтидори содиротии кишвар дар ин росто аз самтҳои аслии фаъолияти ин тарҳ мебошад.

Ин лоиҳа аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод (SECO) маблағгузорӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир давраи дуввуми ин лоиҳа дар ҳоли иҷро қарор дорад. Ҳамкори Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар иҷрои ин тарҳ аз ҷониби Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисодӣ ва савдои ин кишвар мебошад.

Маркази байнулмилалии тиҷорат як ниҳоди муштараки Созмони Милал (UNCTAD) ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) буда ҳадаф аз таъсиси он дастгирии рушди соҳаи тиҷорат ва сатҳи иқтидори содиротии кишварҳои рӯ ба инкишоф ва дар ҳоли гузариш мебошад.
XS
SM
MD
LG