Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сифати маҳсулоти ғизоии бозорҳои Суғд: «бихӯру намур?»


Хуҷанд. Ба гуфтаи масъулини маркази давлатии ташхиси сифат ва нозироти савдои Суғд дар шаҳри Хуҷанд, қисмати умдаи маҳсулоти ғизоӣ, ки дар бозору мағозаҳои устон барои фурӯш гузошта шудааст, ба талаботи сифат ҷавобгӯ нест.

Далер Собиров - сардори ташхисгоҳи маҳсулоти ғизоии маркази мазкур дар ин бора чунин мегӯяд: «Дар cемоҳаи аввали соли равон наздик ба ҳаштсад навъи маҳсулоти хӯрок дар ташхисгоҳи мо мавриди санҷиш қарор гирифт. Ва натиҷаи санҷишҳоямон нишон дод, ки беш аз сад навъи маҳсулоти ғизоӣ ба талаботи сифат ҷавобгӯ набуд.»


Оқои Собиров афзуд, ки даҳҳо тон маводи ғизоии ниёзи аввалия, ба мисли орду нон, гӯшту шир, тухм, шароб, навъҳои гуногуни қанд, ки сифати хеле паст дошт, аз сӯи кормандони маркази ташхиси сифат аз фурӯш боздошта, мусодира карда шудааст. Аввалин саволе, ки дар робита ба мавзӯъ дар зеҳнамон пайдо мешавад, ин аст, ки чаро бозорҳои Суғд аз маводи ғизоии пастифат пур шудааст?
Посух ба ин саволро аз Суҳроби Муҳаммад - ҳуқуқшиноси ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Хуҷанд мепурсам. Ба назари вай, дар кишваре чун Тоҷикистон, ки тақрибан ҳаштод дар сади аҳолӣ дар ҳоли фақру нодорӣ ба сар мебаранд, табиист, ки қобилияти харидории сокинон хеле суст аст ва ҳамагон дар бозору мағозаҳо дар ҷустуҷӯи моли арзонанд. Аз сӯи дигар, қисми асосии тақрибан ҳама навъи маводи ғизоӣ, мисли орду равған ва қанду шакар ба тариқи воридот аз кишварҳои хориҷ ба бозорҳои Суғд оварда мешавад. Ба гуфтаи вай, ин авомил харидорро водор месозад аз сифати чиз то дараҷае сарфи назар кунад: «Гарчанде ки бо ҳамон нархи ба назарашон паст ҳам мешавад, ки чизи дорои сифати баландтарро харидорӣ кард. Агар аз фурӯшанда талаб намоянд. Аммо вақте ки ин гуна талабот аз фурӯшанда нест, ӯ низ маводи ғизоии пастсифатро ба маърази фурӯш мегузорад. »


Оқои Муҳаммад афзуд, ки дар тайи се моҳи ахир ягон харидор бо шикоят аз сифати маводи харидаи худ ба ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истъмолкунандагон дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат накардааст. Созиши забонии миёни фурӯшанда ва харидор ва бовари харидор ба ин ки вай ба арзиши паст бо ризояти худ маводи пастсифатро мехарад, ба миён омадани баҳсу талошҳо сари сифати мавод дар байни онҳоро ба нестӣ мебарад. Дар назди фурӯшгоҳҳои Хуҷанд аз чанде сокинон мепурсам - оё онҳо аз сифати маводи ғизоии харидаи худ қаноатманданд ва чӣ онҳоро аз ҳифзи ҳуқуқи истеъмолӣ бозмедорад?
«Сифати хӯроквориҳое, ки дар бозорҳои Хуҷанд мефурӯшанд, паст. Аммо нархҳояш арзон. Барои ҳамин арзониаш мехарем.»

Аммо дар навбати худ масъулини маркази ташхиси сифат ва нозироти савдои Суғд як иллати аслии ворид шудани маҳсулоти пастсифат ба бозору мағозаҳои маҳаллиро боз ҳам дар бетарафии харидорон мебинанд. Носир Самадов - муовини сардори ин марказ: «Мақоле ҳаст, ки арзон бе иллат (бе нуқс) нест. Шуурнокии худи истеъмолкунандаҳо баланд буданаш даркор, ки маводи пастсифатро харидорӣ накунанд. Мо ҳар соат рафта, беист аз сифати маҳсулот назорат карда наметавонем. Назоратчиҳо ҳам ки мераванд, фурӯшанда ҳаракат мекунад чизҳои пастсифатро пинҳон кунад ё ки худаш руст шавад.»


Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар шаҳри Хуҷанд низ як сабаби асосии аз маводи ғизоии пастсифат пур шудани бозору фурӯшгоҳҳои Суғдро дар паст будани маърифати ҳуқуқии харидорон мебинад, ки наметавонанд аз ҳуқуқи истеъмолии худ дифоъ намоянд.
XS
SM
MD
LG