Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳашт медали тоҷикон дар сабқати ҷаҳонии таэквон-до


Ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев, сармураббии тими мунтахаби таэквон-до ITF-и Тоҷикистон, дар сабқати ҷаҳонӣ, ки бо ширкати варзишгарони 53 кишвар баргузор шуд, шарафи Тоҷикистонро ҳафт нафар мардон ва се нафар занон ҳимоя карданд. Варзишгарони Тоҷикистон дар ин мусобиқот бо кумаки молиявии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, ки барои сафари онҳо ба Словения 78 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст, ширкат варзиданд.

Далер Сайфиддинов дар сабқати мардон дар иҷрои машқҳои маҷмӯӣ ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Масрур Сатторов дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон дар вазни зери 50 килограмм медали тилло ба даст овард. Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар ин навъи рақобатҳо миёни занон дар вазни зери 45 килограмм, ҳамчунин, соҳиби медали тилло гардид. Медали чаҳоруми тиллои Тоҷикистонро тими мардонаи кишвар дар ҳайати Дилшод ва Далер Сайфиддиновҳо, Далер Шарифӣ ва Рустам Улмасов дар навъи худдифоъ ба даст овард.

Се медали нуқраи Тоҷикистонро Далер Тӯраев дар машқҳои маҷмӯӣ байни мардон, тими мардонаи кишвар (Дилшод Сайфиддинов, Далер Сайфиддинов, Рустам Зиёев, Далер Тӯраев, Далер Шарифӣ ва Рустам Улмасов) дар рақобатҳои дастаӣ ва тими занона (Дилафрӯз Боҳирова, Зарина Икромова ва Шаҳло Муҳаммадраҳимова) дар навъи худдифоъ соҳиб шуданд. Тими мардонаи Тоҷикистон дар як навъи рақобатҳои дастаӣ медали биринҷӣ гирифт.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тими Куриёи Шимолӣ дар ҷойи дувум қарор гирифт. Дастаи Ҷумҳурии Чех мақоми севумро касб кард.

Ба гуфтаи Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни миллии таеквон-до ITF-и Тоҷикистон чаҳор варзишгари тоҷик - Масрур Сатторов, Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Далер Шарифӣ ва Рустам Улмасов нахустин бор қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон шуданд. Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар байни занони варзишгари Тоҷикистон дар риштаи таэквон-до аввалин қаҳрамони ҷаҳон гардид.

Бад-ин тартиб дар тӯли 15 соли ахир 13 варзишгари тоҷик миёни бузургсолон ва 10 нафар байни ҷавонон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG