Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори Карзай ва Мушарраф дар Туркия


Имрӯз дар Анкара, пойтахти Туркия мулоқоти раиси ҷумҳуриҳои Покистон ва Афғонистон дар назар гирифта шудааст. Ҳомиди Карзай ва Парвиз Мушарраф дирӯз дар ҳоле вориди Туркия шуданд, ки таниши миёни ду ҷониб дар ҳоли афзудан аст. Афғонистон Покистонро дар он муттаҳам кард, ки барои ҷилавгирӣ аз убуру мурури ҷангиён ба хоки Афғонистон талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад. Кобул мегӯяд, ки ҷангиён дар минтақаи марзии Покистон дар миёни қабилаҳои маҳаллӣ панаҳ мебаранд ва барои ба ҳам задани вазъи Афғонистон вориди ин кишвар мешаванд. Ин он иттиҳомест, ки Истамбул аз оғоз шадидан рад карда гуфтааст, ки Покистон барои таъмини амнияти марзаш бо Афғонистон ба манотиқи қабилайӣ 90 ҳазор нирӯи иловагӣ ирсол кардааст.
XS
SM
MD
LG