Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифоъи Эрон дар Тоҷикистон


Po

Мустафо Муҳаммад Наҷҷор, вазири дифоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар раъси як ҳайъати расмии низомии ин кишвар ахиран вориди Тоҷикистон шудааст.

Қарор аст, дар чаҳорчӯби сафари расмии худ ба Тоҷикистон вазири дифоъи Эрон бо Эмомалии Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷӣ, Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон, ва Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, дидору мулоқоти расмӣ анҷом диҳад.

Дар ҳамин ҳол Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон, гуфтааст, ки то кунун миёни ин ду кишвари ҳамзабон дар заминаҳои низомӣ даҳ мувофиқатнома ба имзо расидааст. Мақомоти Тоҷикистон ҳамкориҳои низомии ду кишварро, ки аз даҳ сол бад-ин сӯ идома доранд, муфид арзёбӣ кардаанд. Коршиносон низ равобити Тоҷикистону Эронро дар ҳоли тавсиъа арзёбӣ мекунанд.

Эрон ахиран ба яке аз сармоягузорони аслӣ дар тарҳҳои стратегии иқтисоди Тоҷикистон табдил шудааст. Дар назар аст, Мустафо МуҳаммадиНаҷҷор, вазири дифоъи Ҷумҳурии исломии Эрон, дар Тоҷикистон аз корхонаи «Ширкати алюминийи тоҷик» низ боздид намояд.
XS
SM
MD
LG