Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси "МММ" ба ҳабс маҳкум шуд ва ба озодӣ мебарояд


Сергей Мавродӣ бо таъсиси ширкате, ки ба шакли аҳром ё пирамида дар нимаи солҳои 90-умси садаи гузашта пули мардумро ҷамъоварӣ кардаву аз ҳисоби як гурӯҳ ба гурӯҳи дигар сарбахш (дивидент) медод, даҳҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Русияро гӯл задаааст. Ҷамъи зиёни расондаи ширкати ӯ 100 миллион долларро ташкил додааст.

Хондани ҳалномаи додгоҳ чанд рӯз идома кард ва додгустар гуфтааст, танҳо онҳе товони зиён хоҳанд гирифт, ки дар муҳокима шахсан ширкат кардаанд. Мавродӣ пас аз фирор ва зиндагии пинҳонӣ дар соли 2003 боздошт шуд ва то ҳалномаи додгоҳ дар маҳбас буд. Ба ин тартиб вай пас аз се моҳи дигар ба озодӣ хоҳад баромад.

Парвандаи ҳамсони Мавродӣ дар Тоҷикистон дар баробари ширкати "Ҷамол Компанӣ" боз шуда, соли 2003 раиси он Ҷамшед Сиёев ба 9 соли ҳабс маҳкум гашт. Ин ширкати мавсум ба мӯҳрабофӣ товони бархе аз бозигарони онро пардохт, аммо бахши асосии мардум даҳҳо ҳазор доллари худро аз даст доданд.
XS
SM
MD
LG