Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди шадиди Садр аз президенти Амрико


Рӯҳонии тундрави шиъаи Ироқ Муқтадо Ал-Садр шадидан аз президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш интиқод кард ва ӯро барои мухолифаташ ба хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Ироқ "бузургтарин бадӣ" номид. Изҳороти Ал-Садр дар ҷаласаи порлумони Ироқ аз тарафи хоҳарзодаи ӯ -- Лиқоъ Ал-Ёсин қироъат шуд: "Ман ба Буш муроҷиат мекунам, ки ироқиҳо бо тамоми ҷон бархостанд ва бо талаби хуруҷи амрикоиҳо то Наҷаф раҳпаймоӣ карданд. Вале Шумо посухе надодед. Мардуми худи шумо бо садои баланд хуруҷро хост. Шумо сабақе нагирифтед. Созмони Милал гуфт, шумо ҷое дар Ироқ ҳамчун ишғолгар надоред. Шумо сар нафуровардед. Акнун демократҳои Амрико хуруҷи шуморо таҳти як замонбандӣ талаб мекунанд, аммо шумо саркашона мухолифед."




Конгресси Иёлоти Муттаҳида дастур додааст, ки хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ аз Ироқ то якуми октябри имсол шурӯъ шавад, вале Буш гуфтааст, ин қароро боз хоҳад гардонд. Ал-Садр ва мусаллаҳони ӯ масъули ташдиди хушунатҳои байнимазҳабӣ дар Ироқ шумурда мешаванд.




Дар ҳамин ҳол дар таркиши як мошини бамгузоришуда дар наздикии мазори шиъагон дар шаҳри Карбалои Ироқ дастикам 60 нафар кушта ва 170 нафар захмӣ шудаанд. Инфиҷор дар минтақаи тиҷоратии Карбало, дар паҳлуи зиёратгоҳи Имом Аббос замоне ба вуқӯъ пайваст, ки мардуми зиёде барои намози шом дар ин мавзеъ ҷамъ мешуданд. Таркиш сабаби сӯхтори даҳҳо мошин ва воҳима дар байни издиҳом гардид.
XS
SM
MD
LG