Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Булбулон қонуншиканӣ мекунанд


Бахши хабар Дар Олмон қонуншикании булбулонро фош карданд, вале намедонанд, чӣ гуна онҳоро ба додгоҳ кашанд.

Табиъатшиносон мегӯянд, бо сабаби афзоиши ғавғо дар шаҳрҳо бисёре аз парандагони хушхон бештар шабона ба сурудан медароянд. Масалан, фотимачумчуқҳо дар Белгия акнун танҳо шабона, вақте атрофро оромӣ фаро мегирад, ба хондан сар мекунанд, то ҳамтоёни модинаи худро ҷалб намоянд. Афзоиши сарусадоҳои шаҳр инчунин сабаб гаштааст, ки булбулҳо дар Олмон бо садои баландтар чакомахонӣ кунанд ва садои онҳо ба андозае баланд шудааст, ки аз марзи мумкини ғавғо таҷовуз кардааст.

Олимони Донишгоҳи Шеффилди Бритониё муқаррар кардаанд, ки садои парандаҳо дар нуқоте баландтар шуда, онҳо дар маҳалҳое ба суруди шабонгоҳӣ гузаштаанд, ки сатҳи ғавғои шаҳр ба ҳисоби миёна 10 детсибел зиёдтар аст.

Муҳаққиқони белгиягӣ ба маротиб боло рафтани сатҳи садои парандаҳоро ҳангоми қиёси хондани онҳоро дар шаҳрҳо ва ҷангалзорҳо ошкор карданд.

Зистшиносони олмонӣ гуфтаанд, бо садои баландтар сурудани булбулҳо хилофи қонунҳои Иттиҳоди Аврупо дар бораи сатҳи садо ва ғавғо мебошад.
XS
SM
MD
LG