Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот, ҳиҷоб, вазъи зиндонҳо, хизмат дар артиши Тоҷикистон...


шаҳри Душанбе Мавзӯъҳои мулоқоти хонуми Арбур бо аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ

Ҳамсӯҳбатони Луиза Арбур, раҳбари комиссариати олии Созмони Миллали Муттаҳид бештар мавзӯи нақзи ҳуқуқи инсон ва қавонини танзимкунанда ва дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро матраҳ карданд. Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар мулоқот бо намояндагони аҳзоби сиёси кишвар бештарини онҳо, ба ҷуз намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ демократӣ дар ҳузури хонум Арбур аз он шиква карданд, ки дар интихоботҳои Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар нақз мешавад ва мутаассифона, ин дар ҳоли ислоҳ қарор надорад. Ва низ қавонини танзимкунандаи интихобот ва ҳифзи ҳуқуқи интихобкунандагон низ ба таҷдиди амиқи назар ниёз дорад.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар мулоқот бо хонум Арбур бештар сари масъалаи ҳифзи ҳуқуқи раиси маҳбасии ҳизби худ сӯҳбат кардааст. Ва мегӯяд ҳизби демократ қаблан ҳам дар мавриди қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба кумиссариати олии ҳуқуқи инсони Созмони Миллали Муттаҳид номае арза доштааст, вале арздошт дар ин кумиссариат ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Оқои Валиев мегӯяд, ҳамчунин масъалаи номафҳуми шеваи боздошти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Русияро матраҳ кардааст, ки иддаои ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид зери шубҳа қарор дорад.

Оқои Валиев ҳамчунин дар ин мулоқот аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки кумитаи салиби сурх дар Тоҷикистон аз ҳаққи дидор бо маҳбусони зиндонҳои кишвар маҳрум аст. Муовини раиси Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, дар ин дидор бо хонум Арбур масъалаи нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони шаҳри Душанбе дар робита ба таҷдиди лоиҳаи шарҳсозӣ, ки боиси аз манозили худ кӯч додани бештари онҳо шудааст, иброз шудааст. Ҳамчунин ин масъла дар мулоқоти Луиза Арбур бо намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ матраҳ гардид. Абдуқаюм Юсуфов, раиси Анҷумани мустақили вакилони ҳуқуқии Тоҷикистон ва як нафар аз ширкаткунандагони ин мулоқот гуфт, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ изҳор доштанд, ки дар сурати комилан ҷуброн нашудани моликияти маскунине, ки тибқи тарҳи нави шаҳр аз манозили худ кӯч дода мешаванд, ҳуқуқи онҳо нақз мегардад. Ва аммо оқои Юсуфов мегӯяд, ӯ ҳамзамон хонум Абурро ба бархе иллати қонунгузориҳои Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ сохтааст, аз ҷумла ба зарурати ислоҳи қонуни кайфарӣ ва афзоиши нақши додгоҳ дар он.

Ҳамчунин дар ин мулоқот дар мавриди нақзи ҳуқуқи занон дар деҳот ва меҳнати кӯдакон ибрози назар шуд. Ва низ масъалаи иҷрои қонунгузориҳо дар ҷомеаи кишвар ва таҳияву тасвиби қавонуни нав аз мавзӯи дигари баҳс бо хонум Арбур буд. Амонулло Мӯсоев, раиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Маркази ҳимоя ва ҳамкорӣ» гуфт, ки вай тарҳи хизмати алтернативии ҳарбиро пешниҳод кардааст.

Ва амо сарфи назар аз ин ибрози назарҳо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ва созмонҳои ғайридавлатии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандон мутмаин нестанд, ки мушкилоти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба дунболи баррасии Луиза Арбур бо мақомоти баландпояи ҳукумати кишвар комилан ҳалли худро пайдо кунад. Зеро онҳо мегӯянд чунин ибрози назарҳо дар мавриди мушкилоти ҳуқуқии ҷомеаи кишварро бо чандин ашхоси баландпояи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз иброз доштаанд, вале вазъ то кунун рӯ ба дигаргунӣ наовардааст.
XS
SM
MD
LG