Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигаронии СММ аз фақр дар Тоҷикистон


Тибқи омори наве, ки Созмони Милали Муттаҳид (СММ) нашр кард, миллионҳо шаҳрванди давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар шароити поинтар аз сатҳи фақр ба сар мебаранд. Дар гузориш гуфта мешавад, харҷи якрӯзаи онҳо камтар аз 2 доллар аст, ҳарчанд худи ин кишварҳо ба давраи рушди иқтисодӣ ворид шудаанд.

Тибқи гузорише, ки се ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид -- Бунёди кӯдак, Барномаи рушд ва Кумисюни умури иқтисодии Аврупо таҳия кардаанд, вазъият дар Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Арманистон, Гурҷистон ва Қирғизистон аз ҳама бадтар аст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, аз ин вазъият махсусан кӯдакон осеб мебинанд ва шумораи кӯдаконе ки дар Тоҷикистон ва Албания бо сабаби камғизоӣ аз рушд мемонанд, ба минтақаҳои қашшоқтарини ҷаҳон баробар аст.

Солона ба сурати умум 212 000 кӯдак дар Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ пеш аз он ки панҷсола шаванд, мефавтанд.
XS
SM
MD
LG