Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Эстониё: Ҳайкал -- баҳонаи низоъ?


Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ҳушдор дод, ки акнун Маскав бар зидди Эстониё бо қотъеият иқдом хоҳад кард. Вай гуфт: "Ин амалро наметавон сафед кард. Ин беэҳтиромӣ ба равобити мо бо Эстониё асар хоҳад гузошт. Он ҳамчунон ба равобити мо бо НАТО ва Иттиҳоди Аврупо, ки кишваре ба монанди Эстониёро ба узвияти ин созмонҳо қабул кардаанд, таъсир мегузорад. Эстониё он арзишҳоеро, ки Иттиҳоди Аврупо, фарҳанги Аврупо ва демократия рӯи он такя кардааст, зери по гузошт. "

Ҳарду маҷлиси порлумони Русия изҳороте пахш намуда, даъват кардаанд, ки Эстония мавриди таҳрими сиёсиву иқтисодӣ қарор гирад.

Ҳукумати Эстониё эълон кард, ки муҷассамаи сарбозро аз майдон берун кашидааст, вале интиқоли турбати сарбозоне, ки дар канори муҷассама дафн шудаанд, то ҳол оғоз наёфтааст.

Сафири Эстониё дар Русия хонум Марина Калюранд аз иқдоми ҳукумати ин кишвар дар мавриди кӯчонидаи муҷассамаи сарбози Шӯравӣ аз маркази шаҳри Таллин дифоъ кард. Ӯ гуфт: "Эстониё кишвари соҳибистиқлол аст. То замоне, ки ин кишвар тибқи қонунҳову усули байналмилалӣ амал мекунад, касе ҳақ надорад ба қарору амалкардҳои ин кишвар дахолат намояд"

Бархе аз вакилони Русия гуфтанд, масъала танҳо ба муҷассама марбут нест, балки бояд аз ҳифзи ҳуқуқи русҳо дар Эстониё сӯҳбат кард. Мақомоти Эстониё ин ҳайкалро рамзи таҷовузи русҳо ва Шӯравӣ меноманд. Аммо сокинони русзабони Эстониё ва ҳукумати Русия кӯчонидани муҷассамаро таҳқири сарбозони шӯравии замони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шумурдаанд. Дар ҷараёни бархӯрди эътирозгарон бо полис, ки рӯзи панҷшанбеи 26 апрел дар назди муҷассама ба вуқӯъ пайваст, як кас куштаву 40 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG