Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳодҳои Арбур ба ҳукумати Тоҷикистон


Луиза Арбур, раҳбари комиссариати олии СММ дар масоили ҳуқуқи инсон дар шаҳри Душанбе бо хабарнигорон мулоқот кард. Вай дар ин нишаст гуфт дар дидоре бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалии Раҳмон нигарониҳои худ аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишварро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Хонум Арбур гуфт, яке аз мушкили нигаронкунандаи дар ин маврид назорат бар вазъи зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои муваққати нигаҳдории гумонбарон мебошад. Ба ақидаи ман мегӯяд ӯ дар мавриди назорат ба зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои муваққати нигаҳдории гумонбарон бояд ҳокимияти додгоҳӣ ҷалб карда шавад: «Ба назари ман бояд маҳз ҳокимияти додгоҳӣ ба беҳтар шудани назорат бар вазъи зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои муваққат бештар ҷалб карда шавад. Вале ҳамзамон бояд мустақилияти мақомоти додгоҳи тақвият дода шавад».

Луиза Арбур афзуд, ки ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон нигаронии худ дар мавриди мақомоти додгоҳ иброз доштааст. Ба эътиқоди ӯ, бояд дар сохтори мақомоти додгоҳии Тоҷикистон ва барои тақвият дар қонуни ҷиноии ин кишвар ислоҳоти ҷиддӣ сурат бигирад. Комиссари олии Созмони Миллали муттаҳид дар масоили ҳуқуқи инсон мегӯяд ҳамчунин ман масъалаи дастрасӣ ба зиндонҳо ва боздошгоҳҳои муваққат, аз ҷумла ба намояндагони созмони байналмилаии Салиби Сурхро ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардам: «Ман ҳамчунин аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо исрор дархост кардам ва ӯро мутмаин сохтам, ки як кумита ва ё пажӯҳишгоҳи мустақил оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвараш таъсис дода шавад, ки бар тибқи муқаррароти Порис амал кунад».


Хонум Арбур ҳамчунин ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки агар Тоҷикистон ба санади иловагии мубориза алайҳи шиканҷа бипайвандад ин як нишонаи дигари муваффақияти ин кишвар дар самти дифоъ аз ҳуқуқи инсон хоҳад гашт. Зеро ин дастрасии бештари нозирони мустақил ба зиндонҳо ва маҳали боздоштгоҳҳои муваққатро фароҳам меорад.


Арбур дар мавриди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ гуфт, дар ин самт дар баробари пешравиҳо мушкилоти ҷиддӣ низ мавҷуд аст. Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ пазируфтани санадҳои байналмилаии дифоъ аз ҳуқуқи инсон яке аз ин муваффақиятҳои Тоҷикистон номбар мешавад, вале масъалаи аслӣ ин аст, ки ин санаду меъёрҳо то кадом андоза ба иҷро мерасанд.
Хонум Арбур дар интиҳо гуфт, ҳадафи аслии сафари ӯ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, боз кардани намояндагии комиссариати олии Созмони Милалали Муттаҳид дар минтақа мебошад, ки он дар шаҳри Бишкеки ҷумҳурии Қирғизистон мустақар хоҳад шуд.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG