Пайвандҳои дастрасӣ

Милисаҳои бадрафтор зиндонӣ шуданд


Шг

Додгоҳи шаҳри Душанбе ду корманди шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Исмоили Сомониро бо ҷурми бадрафторӣ ва шиканҷаи як навраси 15-сола ва бурун рафтан аз ҳадди ваколат ба ду соли зиндон маҳкум кард. Қурбоналӣ Муҳаббатов, додситони шаҳри Душанбе мегӯяд,маҳкумшудагон дар маҳбаси махсуси дорои шароити сангин нигоҳ дошта хоҳанд шуд.

Моҳи январи соли 2007 се корманди милиса як навраси понздаҳсолаи сокини Душанберо бо гумони даст доштан дар дуздӣ боздошт намуда, ба шӯъбаи корҳои дохила овардаанд ва бидуни огаҳии волидони наврас ӯро муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳи муваққат нигоҳ доштаанд. Дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки навраси боздоштшуда мавриди латӯ кӯб қарор гирифта ҳамчунин бо истифода аз нерӯи барқ шиканҷа шудааст.
Ба қавли Қурбоналӣ Муҳаббатов, ин танҳо ҳодисаест, ки кормандони мақомоти интизомӣ бо ҷурми шиканҷаи наврас равонаи зиндон мешаванд ва аммо дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ бо гуноҳи бурун рафтан аз ҳадди ваколат нисбати 7 корманди милиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Шаҳлои Гулхоҷа, Душанбе

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG