Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Депорти муҳоҷирон кам шудааст ё зиёд?


fr

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, раванди ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз қаламрави Русия ба кишвар дар муқоиса бо солҳои қаблӣ коҳиш пайдо кардааст. Ин дар ҳолест, ки масъулини иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумла, намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон бар афзоиши ҷараёни ихроҷи муҳоҷирин таъкид мекунанд.


Бой Раҷабов, сардори бахши равобити байналмилалии Идораи муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар як нишасте, ки мушкилоти марбут ба раванди муҳоҷирати корӣ баррасӣ мешуд, гуфт, коҳиши ихроҷи шумори муҳоҷирин бар он далолат мекунад, ки ин раванд аз сӯи мақомот танзим мешавад. Аммо Музаффар Зарифов, мудири Маркази таҳлиливу иттиллотии намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон гуфт, бо қабули қонуни шароити ҳуқуқии зиндагӣ ва кори атбои хориҷӣ дар Русия дар соли гузашта ихроҷи муҳоҷирин бештар шудааст.


Вале ин нукта таъкид шуд, ки новобаста аз мавонеъи ҳуқуқӣ ва печидатар шудани мушкилоти вуруд ба Русия шумори муҳоҷирини тоҷик сол то сол дар ин кишвар бештар мешавад. Гуфта шуд, то кунун аз 902 ҳазор шаҳрванди тоҷик, ки барои дарёфти гузарномаи хориҷӣ муроҷиат кардаанд, 900 ҳазор соҳиби ин ҳуҷҷат шудаанд. Ба эътиқоди коршиносон, маблағе, ки ин муҳоҷирин вориди кишвар мекунанд, дар ҳоли ҳозир тақрибан ду маротиба бештар аз буҷаи давлатиро ташкил мекунад ва сармояи асосӣ барои пешбурди рӯзгори мардум низ маҳз ҳамин маболиғ будааст.


Масъулини идораи муҳоҷирати Вазорати дохилаи кишвар гуфтанд, бо ҳадафи кӯмак ба муҳоҷирони ихроҷшуда ва ҳалли мушкилоти онҳо бо ниҳодҳои марбута дар Русия, дар назди ин вазорат бахши махсус ташкил мешавад, ки аз моҳи май ба кор оғоз хоҳад кард.
Абдулқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG