Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пахши барномаҳои радиои Суғд дар мавҷи FM


vb

Радиои давлатии Суғд дар моҳҳои наздик ба пахши барномаҳои худ дар мавҷи FM шурӯъ хоҳад кард. Абдуқоҳир Нозиров, раиси вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ дар ҳузури хабарнигорон дар Хуҷанд дар ин маврид гуфт, ҳоло идораи телевизион ва радиои Суғд бо муассисаи радиотелекоми Тоҷикистон ҷиҳати васл ва истифодаи дастгоҳи пахши мавҷ мувофиқа ба имзо расонидааст ва мувофиқи он дар нимаи дуввуми сол дар мавҷи FM пахши барномаҳои радиои Суғд имконпазир мешавад. Ӯ афзуд, ки дастгоҳи нави мавҷпароканӣ имкони тамдиди пахши барномаҳои радиои Суғд ҳамарӯза то ҳашт соат ва барои сокинони ҳама манотиқи минтақаи шимолии Тоҷикистон, то Зарафшону Исфараву Ашт, фароҳам хоҳад кард.


Вале дар ҳоли ҳозир ягона радиои давлатии устон ҳамарӯза тӯли як соат ва ҳам бо истифода аз мавҷи миёнаи шабакаи аввали радиои Тоҷикистон аз Хуҷанд танҳо барои сокинони манотиқи марказии Суғд барнома пахш мекунад. Зимнан, бо чунин усул, бо истифода аз мавҷи шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон намоишҳои телевизиони Суғд низ ҳамарӯза як соат пахш карда мешавад.


Абдуқоҳир Нозиров, раиси ҳукумати Суғд дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар ин маврид гуфт, ки дар соли равон инчунин намоишҳои телевизиони давлатии Суғд дар шабакаи алоҳида ва дар вақти зиёдтар рӯи мавҷ хоҳад омад.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG