Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Омодагиҳо ба Пекин


Ширинҷон Маҳмадсафоев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ба 13 варзишгари кишвар, ки барои роҳ ёфтан ба Олимпиадаи Пекин талош доранд, ҳар моҳ аз 400 то 600 доллар идрорпулии олимпӣ дода мешавад.

Ҷаноби Маҳмадсафоев афзуд: «Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои омодагӣ ва ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти интихобии олимпӣ дар риштаҳои бокс, гурзандозӣ ва гуштии дзюдо маблағи зарурӣ ихтисос додааст. Паҳлавонони тоҷик 16-ум ва 17-уми май дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии дзюдо, ки дар Кувайт баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Сипас онҳо моҳи сентябр дар сабқати ҷаҳонӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил рақобат мекунанд. Дар ин навъи варзиш мо, бахусус, аз гуштигири моҳир Расул Боқиев натоиҷи баландро чашмдорем. Гурзандози маъруф Дилшод Назаров ахири моҳи август дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Осакаи Ҷопон ширкат меварзад. Муштзани варзида Ҷаҳон Қурбонов барои ширкат дар сабқати ҷаҳонии бокс, ки моҳи октябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир мегардад, иштирок хоҳад кард.»



Бозиҳои даври шашуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзҳои 28-ум ва 29-уми апрел баргузор мешаванд.

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки бо 15 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад, дар майдони худ бо тими «Энергетик»-и Душанбе рақобат мекунад.

Чаҳор бозии дигар миёни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, «Гвардия» - Душанбе ва CSKA «Помир»-и Душанбе, «Хуҷанд» - Хуҷанд ва «Саройкамар» -и Панҷ, «Динамо» -и Душанбе ва «ХИМА»-и Душанбе сурат мегирад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG