Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон қарордоди худ бо РусАЛ-ро бекор кард


Бино ба мушкилоти идомаёбандаи болои тарҳи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун Тоҷикистон қарордоди як миллиарддоллараи худро бо ширкати Русал бекор кард.


Моҳи январ ҳукумати Тоҷикистон ширкатро барои иҷро накардани шартҳои қарордоде, ки се соли пеш ба измо расида буд, муттаҳам кард.


Шарифхон Самиев, раиси ширкати миллии энержӣ гуфт, ки ҳукумат барои таъсиси як консортсиуми байналмилалии бунёди нирӯгоҳи Роғун иқдом мекунад.


Вай афзуд, ки барои иштирок дар ин пружа "ба ҷуз Русал, дигар ширкатҳои русӣ истиқбол мешаванд". Самиев гуфт, ки "ин тасмими ҳукумат буд, ки фаъолияти Русал дар Тоҷикистон боздошта шавад".
XS
SM
MD
LG