Пайвандҳои дастрасӣ

Луиза Арбур бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад


Қарор аст, имрӯз, 27 апрел Комиссари олии Созмони милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Луи Арбор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ анҷом диҳад.


Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ва роҳҳои рафъи мушкилоти марбут ба ҳуқуқи инсон аз мавзӯъҳои аслии мулоқоти ӯву Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мешавад.


Рӯзи гузашта, 26 апрел хонум Арбор дар Душанбе бо намояндагони аҳзоби сиёсию созмонҳои ҷамъиятӣ дидор кард.


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Тоҷикистон чанд мавриди нақзи ҳуқуқи занону духтарони тоҷикро дар ин мулоқот матраҳ кардааст. Раҳматулло Валиев, сарпарасти Ҳизби демократии Искандаров, аз хонум Арбор хостааст, то ӯ дар сӯҳбат бо раиси ҷумҳур мавзӯи сарнавишти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари зиндонии ин ҳизбро дар миён гузорад. Раҳматилло Зоиров, пешвои сотсиал-демократҳои тоҷик ба Комиссари олии Созмони Милал оид ба ҳуқуқи инсон гуфтааст, яке аз далелҳои поймол шудани ҳуқуқи шаҳрвандон дар Тоҷикистон мушкилоти иқтисодист.


Қарор аст шоми имрӯз Луи Арбор бо баргузории як нишасти хабарӣ дар Душанбе пиромуни бардоштҳои худ аз боздидаш ба Тоҷикистон иттилоъ бидиҳад.
XS
SM
MD
LG