Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи берунаи Тоҷикистон зиёд шудааст


Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли равон ба зиёда аз 877 миллион доллари амрикоӣ расидааст.


Ба гуфтаи Шералӣ Сафаров, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали имсол қариб ҳашт миллион доллар аз буҷаи давлат барои пардохти қарз ихтисос дода шуд, аммо бо ин ҳам қарзи хориҷии Тоҷикистон 11 миллион афзудааст.


Оқои Сафаров афзуд, сар аз соли ҷорӣ дар Тоҷикистон чанд лоиҳаи сармоягузорӣ ба имзо расидааст ва ин боиси афзоиши қарзи ин кишвар шудааст.


Тибқи лоиҳаи рушди воҳидҳои кишоварзӣ Бонки рушди Осиё 17 миллион доллар, барои коҳиши мизони хисороти энержӣ ҳукумати Швейсария 8 миллион ва ҷиҳати обёрии водии Данғара Бунёди кувайтии рушди иқтисодӣ қариб 14 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарз додаанд.
XS
SM
MD
LG