Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чаро соҳибкорӣ дар Тоҷикистон рушд намекунад?


Ҳаёт Аҳмадуф,муовини раиси кумитаи давлатии андози Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфт,ҳарчанд дар кишвар 20 намуди андоз вуҷуд дорад, аммо мутобиқи кодекси нави андози кишвар, дар пардохти бархе аз ин андозҳо барои соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ сабукиҳо ворид карда шудааст ва тибқи кодекси нави андози кишвар, соҳибкороне,ки тоза ба кор шурӯъ кардаанд, то 5 сол аз додани андоз, озод карда шудаанд: «Ҳамаи ин намудҳои андоз аз соҳибкорон руёнида намешаванд. Масалан соҳибкорони инфиродӣ то 5 сол аз супоридани андоз озоданд. Боз чандин сабукиҳо дода шудааст,то соҳибкорӣ дар кишварамон рушд кунад».


Ҷаноби Аҳмадов зимни суҳбат тасдиқ кард,ки воқеан дар мақомоти мазбур корупсия вуҷуд дорад ва он дар пешрафти кори соҳа ва воридоти маблағҳои аз ҳисоби андоз ҷамъомада ба буҷаи давлат,монеъа эҷод мекунад: «Чуноне,ки медонед оҷонсии мубориза бо корупсия ташкил шудааст,ки имконоти васеъ дар даст дорад ва ман боварӣ дорам,ки пеши фассод дар соҳаи мо гирифта мешавад ва Тоҷикистон дар ин росто аз ҷониби ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари пешрафта муаррифӣ мешавад»



Аммо Наҷмиддин Мирзоев, соҳибкор,ки корхонаи хурди қаннодии ӯ тоза ба кор шуруъ кардааст, мегӯяд вай дар супоридани андоз аз даромади корхонааш,ки ним сол ба ин ҷониб фаъолият дорад, ҳеҷ як сабукӣ эҳсос накардааст: «Рости гап ман ягон сабукӣ эҳсос накардаам. Масалан ман ҳамчун андозсупоранда мехостам,ки аз ҳисоби ҳамин андозҳо ҳеҷ набошад корхонаҳои мо таъмир карда шаванд,аммо ин тавр нест. Ман андоз месуорам боз корхонаву саҳни онро худам таъмир мекунам».


Мусоҳиби мо мегӯяд,инчунин мушкилоти дигаре,ки барои шурӯъи кораш ҳамчун соҳибкор монеъа эҷод кардааст, бюракратия ва ё девонсолорӣ дар мақомоти андоз будааст. Ба гуфтаи вай, ӯ ҳамчун андозсупор, 4 моҳи вақти худро дар омодаву пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои корхонааш ба шуъбаи андози ноҳия, масраф кардааст. Ва аммо мусоҳиби дигари мо соҳибкори хурд, ки худро Гулчеҳра муаррифӣ кард, мегӯяд воҳеан феълан нисбат ба 3 - 4 соли пеш дар андозсупорӣ барои соҳибкорон баъзе сабукиҳо дода шудааст ва ҳуқуқҳои соҳибкорон то андозае ҳифз карда мешаванд: «Ба назарам каме беҳтар шудааст. Агар аз руйи қонун кор кунӣ ба ту ҳеҷ кас кордор намешавад. Боз идораҳое ҳастнад,ки ҳуқуқи моро ҳамчун соҳибкор ҳифз мекунанд».


Дар ҳамин ҳол, Ғафур Расулов,корманди вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ мегӯяд,тибқи натоиҷи таҳлилҳои ахир, яке аз сабабҳои ба кундӣ рушд кардани соҳибкории хурду миёна дар кишвар, вуҷуди намудҳои зиёди андоз ва бюракратия дар ин сохтор будааст: «Ба назари ман ҳар қадар андоз паст бошад ва имконоту озодии бештаре дар ихтиёри соҳибкорон дода шавад,ин соҳа рушд мекунад ва аз ин ҳисоб иқтисодиёт пеш меравад, аммо мутаассифона дар баробари надозҳои зиёд боз ҳуҷҷатбозиҳову имрӯз биё фардо биёи мақомоти андоз барои пешрафти соҳибкорӣ халал ворид мекунад. Хуб буд агар аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ кор гирифта мешуд ва андозситонӣ ба ӯҳдаи мошинҳо гузошта мешуд. Ҳам вақти соҳибкорон масраф намешуд,ҳам фассод роҳ намеёфт дар ин соҳа».


Тибқи омори Кумитаи давлатии саромоягузорӣ, феълан дар Тоҷикистон 104 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ фаъолият доранд,ки аз ин миён 20 дар садро занон ташкил мекунанд.
XS
SM
MD
LG