Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷорҷ Сорос: "Демократияро наметавон бо инқилобҳо бунёд кард"


Мусоҳибаи хабарнигори радиои Озодӣ Ҷерми Бранстен

РО: Шуморо бо ташкили инқилобҳои рангоранг дар қаламрави собиқ Шӯравӣ муттаҳам мекунанд.

"Нақши маро ба вижа президент Путин ва дигарон, аз ҷумла собиқ президенти Гурҷистон Эдуард Шеварднадзе барғалат ва муболиғаомез арзёбӣ мекунанд. Онҳо маро дар ташкили инқилобҳои рангоранг муттаҳам намуда, намехоҳанд эътироф кунанд, ки режимро мардуми Гурҷистон барканор намуд."

РО: Вале то ҷое маълум аст, Бунёди зери раҳбарии Шумо дар Гурҷистон чандин лоиҳаро таъмини молӣ кардааст.

"Дахолати шахсии ман дар Гурҷистон бештар буд, зеро ман ҳамроҳ бо он замон президент Шеварднадзе, вазири адлия Саакашвилӣ ва раиси Парламент Жвания як маъаркаи мубориза бо фасодро танзим намудем. Вале мутаассифона Шеварднадзе ваъдаҳояш ва ё ҳатто ӯҳдадориҳояшро иҷро накард. Зеро манбаи асосии фасод вазорати корҳои дохилӣ: полис буд. Ҳаёти Шеварднадзе ба маънии аслии ба полис вобастагӣ дошт ва ӯ наметавонист кореро анҷом диҳад. Сипас Саакашвилӣ ва Жвания аз ҳукумат хориҷ шуда, ҳизби худашонро ташкил карданд. Ман онҳоро ҳамчун ҳизби сиёсӣ дастгирӣ накардам, вале барои мисол Ҷоизаи Ҷомеаи Озод мавқеи онҳоро қадрдонӣ намуд. Хуллас, нақши ман ҳамин аст."

РО: Дар ҳоле инқилоби садбаргии Гурҷистон то ҳадде ба ҳадаф расидааст, наметавон гуфт, ки инқилоби норанҷии Украина ҳам самтгирии ин кишварро тағйир дод. Ҷаноби Сорос, Шумо дар ин бора шумо чӣ назар доред?


" Вазъи Украина нисбатан зери суол аст, зеро дар ин кишвар масъалаи назорати гази табиӣ ғолиб омад. Яъне дар муқоиса бо Гурҷистон нуфузи Русия дар Украина бештар аст. Аммо боз ҳам Украина кишвари ботаровати демократӣ асту ҷомеаи он ба ҳокимон собит намуд, ки баъзе рафтори онҳоро таҳаммул нахоҳад кард. Ҳоло касе ки дар сари қудрат набошад, маҷбур мешавад ба ин масъала таваҷҷӯҳ кунад"


РО: Ба ҳар ҳол дар Украина мардуми зиёде аз дастовардҳои инқилоби норанҷӣ каноатманд нестанд. Шумо ба мардум чӣ машварат медиҳед. Боз ба кӯчаҳо бароянд? "


"Шумо ба бунёди ниҳодҳои демократӣ эҳтиёҷ доред. Демократияро наметавон ба воситаи инқилобҳо бунёд кард. Аз ин рӯ, ман мегӯям, ки ҳеҷ ҳаводори инқилобҳо нестам. Ҳамчунин аз он сабаб андӯҳгинам, ки раҳбарони инқилоби норанҷӣ дар иҷрои ваъдаҳояшон ноком гаштанд. Бори вазифаҳо барояшон вазнинӣ кард ва мардум ҳоло аз онҳо рӯҳафтода аст. Дар ҳар сурат, дар он ҷо нерӯҳои баробар вуҷуд дошта, ба созиш ба ҳамдигар ҳозир ҳастанд. Кадом яке аз гурӯҳҳо аксарияти комил надорад ва аз ин рӯ мо ҳоло шоҳиди созиши ноайёни демократӣ ҳастем. Аммо ин ҳолат ҳанӯз ҳам имкони баҳси озодро имкон медиҳад. Шумо шоҳиди озодии баён ва озодии матбуот ҳастед."

РО: Ҷаноби Сорос шуморо ҳамчун мухолифи сарсахти президенти ИМА Ҷорҷ Буш мешиносанд. Дар маъракаи интихоботи президент Шумо миллионҳо долларро ба хазинаи рақибони Буш ирсол намудед. Сабаб чист?


"Ба фикрам сиёсатҳое, ки маъмурияти Буш ба хусус дар минтақаи Ховари Миёна пеш гирифтааст, ҳифзи нуфузи ҷаҳонии Амрикоро душвор мегардонад. Дар ҳақиқат коҳиши нуфузи Амрико дар минтақа эҳсос мешавад. Ба фикрам он ҳамчунон дар сатҳи ҷаҳонӣ эҳсос мешавад, зеро ба фикрам Амрико баъзе эътиқодҳои асосиаш хиёнат кард. Маъмурияти президент Буш баъзе усули зербиноии ҷомеаи озодро зери по намуд: масалан, ҳуқуқи башар, муомила бо маҳбусон, сиёсӣ намудани баъзе масъалаҳои давлатдорӣ, ки аслан бо сиёсат марбут нестанд. Масалан, идораи додситони кулл, низомӣ, хадамоти шаҳрвандӣ ва ғайра. Хуллас, зарари бузург расонида шуд ва ман бар зидди он ҳушдор дода будам. Ман хушҳолам, ки ҳозир ҷомеаи Амрико саъй дорад, ин сиёсатҳои президент Бушро рад намуда, хатоҳоро ислоҳ кунад."
XS
SM
MD
LG