Пайвандҳои дастрасӣ

Сабқати дипломатҳои футболбоз идома дорад


Дар даври севум дипломатҳои тоҷик тими Фаронсаро бо натиҷаи 5 бар 0 шикаст доданд. Дар бозии дигар тими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар дастаи Русия бо натиҷаи 3 бар 1 ғолиб омад.

Бад-ин тартиб баъди ҷамъбасти се даври бозиҳо дастаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо 9 имтиёз пешсафи ягона аст. Чаҳор даста - Русия, Узбакистон, Амрико ва Фаронса сеимтиёзӣ ба даст овардаанд. Ва тими Бритониё бидуни имтиёз дар ҷойи охирин мебошад.

Дар даври чаҳоруми мусобиқот бегоҳи панҷшанбеи 26-уми апрел Русия бо Узбакистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Бритониё рақобат мекунанд.


Нахустин мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи ҳандбол байни дастаҳои мардона бо пирӯзии тими мунтахаби вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ хотима ёфт.

Ин мусобиқот дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе бо ширкати чаҳор даста баргузор шуд. Дастаҳои Душанбе - 1 ҷойи дувум ва Душанбе - 2 ҷойи севумро касб карданд.


Рӯзи 25 апрел дар шаҳри Душанбе Бозиҳои варзишии наврасон бахшида ба 10-солагии имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон шурӯъ шуд.

Ба барномаи бозиҳо ҳашт навъи варзиш дохил аст. Нахуст дастаҳои писаронаю духтарона дар риштаи волейбол ба рақобатҳо оғоз карданд. Баъдан мусобиқоти наврасон дар риштаҳои бокс, варзиши сабук ва панҷ навъи гуштӣ - дзюдо, фарангӣ ё юнонию румӣ, гуштии миллӣ, самбо ва гуштии озод баргузор мешавад.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои варзишии наврасони шаҳри Душанбе дар толори мактаби махсуси варзишии захоири олимпӣ, Варзишгоҳи марказӣ ва толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба навъҳои гуштӣ то рӯзи 11 май идома хоҳад кард.

Ғолибони бозиҳои шаҳрӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби пойтахти кишвар дар марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон, ки нимаи дувуми моҳи май дар шаҳри Душанбе доир мегардад, ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG