Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри гузориши нави НАНСМИТ


кю

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гузориши навбатии худро дар мавриди ҳуқуқи рӯзноманигорон дар моҳи марти соли равон нашр кард. Дар ин гузориш аз нӯҳ мавриди нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар моҳи марти соли равон ёдоварӣ мешавад.


Ҳарчанд ин гузориш баёнгари мавориди зиёди риоят нашудани ҳуқуқи рӯзноманигорон ва маҳдудсозии фаъолияти онҳост, аммо тибқи навиштаи Анҷуман, мавридҳои нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар қиёс бо моҳи феврали ҳамин сол нисбатан поён рафтааст. Тибқи гузориши мазкур, моҳи март бештари мавридҳои нақзи ҳуқуқи рӯзноманигорон ва маҳдудияти онҳо барои дастрасӣ ба манобеъ дар минтақаҳои Суғду Хатлон ба қайд гирифта шудаанд.


Ҳамчунин, дар гузориш ба касбияти рӯзноманигорон баҳо дода шуда таъкид мешавад, ки ҳанӯз ҳам аз лиҳози ҳирфаӣ хабарнигорони тоҷик дар сатҳи пас қарор доранд. Умед Бобохонов, раиси оҷонсии «Азия-плюс» гуфтааст, ки «касбияти пасти рӯзноманигорони мо ба рушди расонаҳои хабарӣ дар кишвар монеа эҷод мекунад».


Масъалаи танқидҳои ҳукумат аз риоя нашудани забони давлатии кишвар дар расонаҳо дигар мавзӯи мавриди таваҷҷӯҳи гузориши Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар моҳи март шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо, нашрияҳое, ки ба забони давлатӣ чоп мешавад, ҳанӯз ҳам аз лиҳози баён ва тасаллути забонӣ мушкилоти зиёд доранд.
Каюмарси Ато, Душанбе
XS
SM
MD
LG