Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори ҷавони тоҷик дар Владивосток


Шаби 24-ум ба 25-уми апрел дар маркази шаҳри Владивостоки Русия ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистон ёфт шудааст.


Ин ҷавони 20-сола ба гуфтаи коршиносони тиб, дар пайи ҷароҳати қафаси сина вафот кардааст.


Ба ӯ панҷ корд задаанд. Дастони захминаш низ гувоҳи онанд, ки ин ҷавон кӯшиши ҳимоят кардани худро кардааст.


Шахсияти қотил ё қотилон ва сабабҳои ҳамла ба ҷони ҷавони 20-солаи тоҷик ҳанӯз мушаххас нашудааст.
Таҳқиқи парвандаи мазкурро шӯъбаи корҳои дохилӣ ва додситонии маҳаллӣ ба зимма гирифтааст. Ба иттилоъи расмӣ, дар ду ҳафтаи ахир дар қаламрави Русия панҷ шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG