Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии таэквондои ҷаҳон


Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни миллии таеквон-до ITF-и Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Шарафи Тоҷикистонро дар сабқати ҷаҳонӣ ҳафт нафар мардон - Масрур Сатторов, Далер ва Дилшод Сайфиддиновҳо, Рустам Улмасов, Далер Тӯраев, Рустам Зиёев ва Далер Шарифӣ, ҳамчунин се нафар бонувон - Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Зарина Икромова ва Дилафрӯз Боҳирова ҳимоя мекунанд.»

Ҷаноби Яҳёев афзуд, дар тӯли 15 соли фаъолияти Федеросиюни таэквондо ITF-и Тоҷикистон 9 варзишгари тоҷик соҳиби унвони қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон ва 10 нафар қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон гардидаанд.

Мусобиқоти қаҳрамонии таэеквондои ҷаҳон дар Словения то рӯзи 29-уми апрел идома хоҳад кард.


Ва хабари дигар. Шатранҷбози мумтози тоҷик Фаррух Амонатов дар мусобиқоти ниҳоии қаҳрамонии шоҳмоти шаҳри Маскави Русия соҳиби ҷоизаи севум гардид.

Дар ин мусобиқот ҳашт нафар беҳтарин шатранҷбозон, ки дар марҳилаҳои қаблӣ ғолиб омада буданд, ширкат карданд. Гроссмейстери байнулмилалӣ Фаррух Амонатов дар ду бозӣ бар ҳарифони худ Алексей Гаврилов ва Андрей Ричагов пирӯз шуда, чаҳор бозиро бо Станислав Новиков, Алексей Коротилёв, Борис Грачёв ва Евгений Воробёв мусовӣ анҷом дод ва танҳо дар як дидор аз Владимир Белов шикаст хӯрд.

Бад-ин тартиб Фаррух Амонатов бо касби 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт ва соҳиби 25 ҳазор рубли русӣ гардид. Ду нафар - Владимир Белов ва Борис Грачёв 4,5 имтиёзӣ ба даст оварданд. Аз рӯи натиҷаҳои иловагӣ Владимир Белов мақоми аввалро касб карда, қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Маскав гардид. Ӯ бо 75 ҳазор рубли русӣ мукофотонида шуд. Борис Грачёв соҳиби ҷоизаи дувум - 55 ҳазор рубли русӣ гардид.

Бояд гуфт, ки Фаррух Амонатов соли 2004-ум ба унвони қаҳрамони шоҳмоти шаҳри Маскав даст ёфта буд.
XS
SM
MD
LG