Пайвандҳои дастрасӣ

Доктор Абдулло дар сӯҳбати Озодӣ


собиқ вазири хориҷаи ҷумҳурии исломии Афғонистон хабарнигори Радиои Озодӣ дар Алмаато бо доктор Абдулло Мусоҳибаи Насибҷон Амонӣ

Доктор Абдуллои Абдулло, вазири хориҷаи пешини Афғонистон, ки ҳоло сарварии Бунёди байналмилалии Аҳмадшоҳ Масъудро бар ӯҳда дорад, масоили амният ва терроризм ва мавқеи Покистон, ки дар он ҷо Толибон ҷойгир ва тақвия шуданд ва дубора ба баъзе бахшҳои Афғонистон омаданд, аз масоили умдае донист, ки кишвараш ба он мувоҷеҳ аст.

Ҳамчунин ба андешаи вазири хориҷаи пешини Афғонистон дар қисмати идораи давлат низ ҳамоҳангии лозим, ки дар шакли кори ҷамъӣ бояд сурат бигираду мардум натиҷаашро мустақим бубинанд, вуҷуд надорад.

Аз сӯи дигар, доктор Абдулло арзи вуҷуд кардани Ҷабҳаи миллии Афғонистонро, ки ба он профессор Бурҳониддин Раббонӣ сарварӣ мекунаду ба он аз ҳама нукоти кишвар шахсиятҳои барҷаста шомил гардидаанд, чун як ҳаракати умдаи сиёсии дар солҳои ахир пайдо шуда, қадами мусбат арзёбӣ кард.

Рамзи радиоро дар паҳлӯи сарлавҳа зер бикунед ва ин сӯҳбатро бишнавед

Вобаста

XS
SM
MD
LG