Пайвандҳои дастрасӣ

Мақоми баланди Созмони Милал ба Душанбе меояд


Қарор аст, имрӯз, 25 апрел Луи Арбор, раҳбари Комиссариати олии Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон ба Тоҷикистон сафар кунад, то масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ин кишварро баррасӣ намояд.


Дар ҷараёни ин сафари чаҳоррӯза дидору мулоқоти хонум Арбор бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин вузарои умури хориҷию дохилӣ, раиси додгоҳи олӣ, додситони кулл ва дигар мақомоти расмии кишвар дар назар аст.


Бар ин илова, Кумиссионери олии Созмони Милал азм дорад бо созмонҳои байналмилалию ғайриҳукуматӣ, намояндагиҳои дипломатии мустақар дар Тоҷикистон ва дафтари Созмони Милал дар Душанбе бо ҳадафи арзёбии вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфтугӯҳо анҷом диҳад.


Шоми ҷумъаи 27-уми апрел хонум Арбор бо баргузории як нишасти хабарӣ пиромуни бардоштҳои худ аз сафар ба Тоҷикистон сӯҳбат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG