Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дафни Елсин ва рӯзи мотами миллӣ дар Русия


Имрӯз, 25 апрел дар Русия дар робита ба даргузашти нахустин раиси ҷумҳурии ин кишвар Борис Елсин рӯзи мотами миллӣ эълон шудааст.


Елсин 23 апрел дар беморхонаи Маскав аз норасоии қалбӣ дар синни 76-солагӣ даргузашт. Дирӯз барои хайрбод бо раҳбари пешини худ аъзои ҳукумат, дӯстон ва алоқамандони марҳум рафта буданд.


Имрӯз дар ҳузури раиси ҷумҳурӣ Владимир Путин, собиқ президенти Иттифоқи Советӣ Михаил Горбачев, собиқ раиси ҷумҳурии Амрико Билл Клинтон ва намояндаҳои корпусҳои дипломатии Русия дар оромгоҳи Новодевичеи Маскав маросими хоксупории Борис Елтсин баргузор мешавад.


Дар ин маросим ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон низ ба раҳбарии Оқил Оқилов, нахуствазири кишвар ширкат мекунанд. Ин ҳайат дирӯз шом роҳии Маскав шуд.


Ҳамчунон дирӯз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба исми ҳамтои русаш Владимир Путин номаи тасаллиятро дар робита бо даргузашти раҳбари пешини ин кишвар ирсол кард ва аз Елсин ба ҳайси шахсияте ном бурд, ки аз мардум ҳимоят ва дар пешбурди ҷараёнҳои демократии кишвар ва ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ мусоидат кардааст.
XS
SM
MD
LG