Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӣ хатояшро ислоҳ кард? ҲСДТ ё Вазорати адлия?


Вазорати адлияи Тоҷикистон ба иллати нақзи муқаррароти қонуни фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ Ҳизби сотсиал-демократро ба додгоҳ кашида хостори тавқифи фаъолияти ин ҳизб барои шаш моҳ шуда буд.

Тоҳир Қодиров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон ва масъули муҳокимаи ин қазия гуфт, вазорати адлия бо ирсоли номаи такрорӣ унвонии додгоҳ таъйид кардааст, ки мубоҳисоти миёни ин ниҳод ва Ҳизби сотсиал-демократ ба таври мусбат ҳал шуда ва зарурате бар муҳокимаи он дар додгоҳ боқӣ намондааст.

Қурбоналӣ Бобоев, сармутахассиси идораи сабти номи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоб дар вазорати адлияи Тоҷикистон, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат дошт, гуфт, ки баъди даъвои онҳо ҳизби сотсиал-демократ асноди худро дар бораи фаъолияташ дар дастрасии вазорат қарор додааст.

Ин дар ҳолест, ки Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ироаи ҳар навъи асноди тоза ба ихтиёри вазорати адлия баъди муроҷиат ба додгоҳро рад кард. Оқои Зоиров гуфт, дар фаъолияти ҳизбаш ҳеҷ гуна қонуншиканӣ вуҷуд надорад ва ин масъулини бархе аз бахшҳои вазорати адлия ҳастанд, ки бидуни санҷиш ва омӯзиш иттиҳомоти бепояро ба ин ҳизб нисбат медиҳанд.

Ба ин тартиб, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки дар соли 1999 як маротиба таҷрибаи қатъи фаъолиятро пушти сар карда буд, ба таъйиди Раҳматулло Зоиров, раиси он аз ҳоло барои баргузории анҷумани навбатиаш, ки қарор аст, моҳи июни соли равон доир шавад, омодагӣ мегирад. Ба фарқ аз анҷуманҳои қаблӣ, мегӯяд оқои Зоиров, дар ин анҷуман барои аввалин бор тарҳи алтернативии стратегияи рушди Тоҷикистон барои то соли 2015 муҳокима ва тасдиқ карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG