Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони Тоҷикистон дар Укроин соҳиби ду медали тилло шуданд


Бино ба иттилоъи Гулаҳмад Назаров, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 74 метру 81 сантиметр ҳаво дода, мақоми аввалро касб кард. Дар ҳамин навъи сабқат байни занон Галина Митяева бо натиҷаи 53 метру 51 сантиметр пирӯз шуд. Гурзандозони дигари тоҷик Алишер Эшбеков бо натиҷаи 60 метру 44 сантиметр дар ҷойи чаҳорум ва Баҳодур Сафаров бо натиҷаи 57 метру 46 сантиметр дар ҷойи ҳаштум қарор гирифтанд. Ин чаҳор варзишгари тоҷик, ки ду ҳафта боз дар шаҳри Новая Каховкаи Укроин тамрин мекунанд, дар мусобиқоти мазкур ширкат варзиданд.

Дилшод Назаров, аслан, ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки ахири моҳи август дар шаҳри Осакаи Ҷопон баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Вай ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мақсад дорам, гурзро ба масофаи беш аз 80 метр ҳаво диҳам ва ба мисли гурзандози машҳури тоҷик Андрей Абдувалиев, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1992 дар Барселона, қуллаи баландтарини варзишро фатҳ намоям. Ман мураббии доимӣ надорам. Бино бар ин пеш аз ҳар як мусобиқоти бузург дар шаҳри Тошканд таҳти раҳбарии Андрей Абдувалиев машқ мекунам ва аз ӯ бисёр нозукиҳои ин навъи варзишро омӯхтаам. Бахусус вай барои пирӯзии ман дар Бозиҳои Осиёии соли 2006 дар Қатар кумаки зиёд кардааст."

Ҳадафи аслии гурзандози маъруфи тоҷик ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин мебошад. Воқиъан, Дилшод Назаров соли 2004 дар Олимпиадаи Афина ширкат карда буд.

Галина Митяева ва Алишер Эшбеков бошанд, барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон, ки моҳи июл дар Ҷумҳурии Чех доир мегардад, роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG