Пайвандҳои дастрасӣ

Шоъири тоҷик дар Қирғизистон


Сиёвуш: Бо истифода аз имкон ба шунавандагони радиои Озодӣ, ки тоҷикон ва ҳамзабонон ҳастанд, салом мерасонам, зеро хеле муштоқашон ҳастам. Бори дигар аз "Озодӣ" ташаккур мекунам, ки ин имконро ба ман фароҳам овардед ва бо ҳамватанонам суҳбат мекунам. Аммо дар робита бо суолатон, агар манзур куллан муҳити иҷодии Бишкек ва Қирғизистон аст, бад нест, ҳатто хуб аст. Дар риштаи адабиёт бо сарпарастии устод Чингиз Айтмат насли хеле қаввӣ доранд ва он ҳолу ҳаво ҳоло боқист.

Суол: Оё чунин муҳит ба иҷоди шумо асар гузоштааст?

Сиёвуш: Садди фарҳангӣ надорем дар миён. Вале камбуди забонӣ ё ҳамзабонон боъис мешавад, ки ...., на ба суолатон наметавонам ҷавоби мусбат диҳам. Ғазали машҳури Камоли Хуҷандӣ ҳатман дар ёди шумо ҳаст, ки мефармояд:

То ту дар ғурбат наяфтодӣ чӣ донӣ ҳоли мо,
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас илло ғариб.

- Оқои Сиёвуш, медонед баъзеҳо бар ин назаранд, вақте, ки одам аз доираи адабӣ ё ки аз Ватан дур мемонад, то андозае дар эҷодиёташ шояд маҳдудият пеш ояд, вале баъзе шоъирон дур аз Ватан беҳтарин осорашонро сурудаанд. Магар ҳамин тавр нест?

- Дуруст аст. Ин ғурбат аз он ғурбатҳо фарқ мекунад. Ман мехоҳам бо як байти Ҳофиз шарҳ диҳам:

Мо ба ин дар на пай ҳашмату ҷоҳ омадаем,
Аз бади ҳодиса ин ҷо ба паноҳ омадаем.

Албатта, вазъи мо аз вазъи ҳазорони дигар фарқ намекунад, ки дар ин минтақа дар ғурбат ба сар мебаранд. Дар ин замон, ки замони гузариш номидаанд ва хеле тул кашид, як рузгоре шудааст, ки шеър ва ҳунар дигар он равнақи пешинро надорад. Ин дар тамоми дунёст. Дигар ниёзи мардум ба шеъру сухан нест. Аз ин ҷост, ки ҳунарманд ё шоъир дигар камтар халлоқиятҳои худро пешниҳод мекунад. Шояд аз як назар хуб аст, ки шеър бештар даруниву ъотифӣ мешавад. Шеър дигар он шеъри майдонҳову стадионҳо нест, балки он як шеъри роз аст.

-Оё муяссар шудааст, ки дар Бишкек ҳам ашъори худатонро ба чоп расонед ва дар Тоҷикистон ба хонандагони худ бифиристед?

- Байни ману шеър дар ҳар сурат фосила набуд. Китобе чоп шуд бо номи "Рангинтар аз борон". Дар Тоҷикистон чоп шуд. Ин ҳам ҳадяест аз устоди ман хонум Гулрухсор. Таҳияву таҳрир ва сармоягузорӣ ҳама аз тарафи ишон буд ва ман аз ишон ташаккур мекунам. Баъдтар дафтарҳои шеърие бо номи "Меъроҷи дар хун", "Ин ҳама ишқ", "Сармои замҳарӣ" чоп шуд. Дафтари ғазале бо номи "Кини Сиёваш" омодаи чоп аст ва дар наздиктарин фурсати иқтисодӣ ба чоп хоҳад расид.

-Медонем, ки шуғли зотӣ ё кори аслии шумо ҳамин шеър аст. Вале барои гузарони зиндагӣ одам бояд ҷое ҳам кор кунад. Ҳоло ба чӣ кор машғул ҳастед?

-Ба унвони мутарҷим дар сафорати Ирон дар Бишкек кор мекунам ва он як имкони хеле хуб барои қатъ нагардидани робитаи ман бо забони ман ва бо фарҳанги ман аст.

-Оё мешавад дар бораи зиндагии хонаводаии худ ба шунавандагони мо каме тавзеҳот диҳед?

- Ман ҳоло мисли кафтари дубома ҳастам. Як қисми хонавода дар Душанбе ҳастанд ва ман бо ду фарзанд муқими Бишкек мебошам. Ин ду писарам мактабҳои русӣ мераванд. Сатҳи тадрис дар мактабҳои русии Бишкек хеле хуб аст. Духтари хурдиам дар Душанбе дар мактаб мехонад. Баъзан занг мезанад, бо ҳам тамос дорем.

- Тоҷикӣ таҳсил мекунад?

- Муттаассифона на. Ба мактаби русӣ меравад. Азбаски ин ҷо дар мактаби русӣ шуруъ кард ва дар ин ҷо мактаби тоҷикӣ набуд, ҳоло тасмим гирифтем, ки идома диҳад.

- Ва оё фарзандон дар хона таълими забони тоҷикӣ мегиранд?

- Бале, ҳатман, ҳатман.

- Оё дар Бишкек бо назми имрузи Тоҷикистон ошно ҳастед? Манзури ман назми солҳои ахир, яъне назми даврони истиқлоли Тоҷикистон аст.

- Муттаассифона камтар, ки ин ҳам як сабаби аслиаш дастрасӣ надоштан аст. Бародарони азиз аз Душанбе бароям мефиристанд. Зимни сафарҳои кутоҳмуддати худ низ ҳар чӣ дастрас мекунам, бо худ меорам. Ҳоло ман дубора руҷуъ кардам ба устодон, ба Турсунзода, Лоҳутӣ ва муъосирони ишон. Кушиш мекунам аз назари дигар, аз даричаи дигар вориди ашъори онҳо шавам ва чизҳои хеле аҷибе аз онҳо барои худам кашф мекунам. Ва боз ҳам ҳамон устодони азиз Муъмини Қаноъат, шодравон Лоиқ, устод Бозор Собир, устод Гулрухсор, рафиқи хеле азизу меҳрубони ман Фарзона, Толиби Озарахш, ва Озару Суруш, ки ман мехонам ва лаззат мебарам. Аз ҷавонон камтар касонро мешиносам. Вале бо вуҷуди ин як бардошти куллӣ дорам. Азбаски дар Тоҷикистон барои чопи шеър фазо боз аст, ъиддае ҳастанд, ки муттаассифона хеле примитив ва соддалавҳона ба шеър бархурд мекунанд. Онҳо мебинанд, ки бо ҳар тариқе мешавад шеъреро дар рузномае чоп кард ё аз тариқи радио ё телвизюн мешавад аз ҳар тариқе пахш кард, чизҳои аҷибу ғариберо ба унвони шеър матраҳ мекунанд.

- Оқои Сиёвуш медонед, ҳатто баъзе шоъирони номдори мо дар ҳамин солҳо гила карданд, ки онҳо наметавонанд китоби ашъорашонро ба табъ расонанд, дар сурате, ки баъзеҳои дигар, ки шеърашон ба пояи зарурӣ ҳануз нарасидааст, як навъ тиҷорат мекунанд ва китобҳои ашъоре имруз ба хонанда пешкаш мешавад, ки ба савияи шеъри тоҷикӣ чандон нарасидааст.

- Сад дарсад. Ин ки чандон нарасидааст, ҳарфи камест дар мавриди ин падида. Ин падида тъсираш баъдҳо маълум мешавад.

- Ба ҷомеъаи имрузи Тоҷикистон аз беруни Тоҷикистон чӣ гуна нигоҳ мекунед ва чӣ паём доред?

- Ба ҷуз ин ки бигуям "Тоҷикистон, дустат медорам, Тоҷикистон, муштоқат ҳастам ва ёдат кардам", дигар чӣ ҳам метавонам бигуям. Ва пайғоми ман ин аст, ки зинда бошанд ҳамватанони азизи ман. Ҳар ҷо ҳастанд, нируи ман ҳамватанонанд ва ҳастии ишон аст, ки ман заминро зери по эҳсос мекунам.

- Ва оё ба Тоҷикистон бармегардед?

- Ҳатман..., Ҳатман... Ман, ки аз Тоҷикистон нарафтаам, ки бирвам. Ман ҳамеша бо ёди Тоҷикистон ҳастам.

- Кай ин кор сурат мегирад? Баъди чанд сол ё баъди чанд моҳ?

-Агар пеши касе дуруғ буд, пеши худо рост аст, ҳамин лаҳзаҳо, ки бо шумо суҳбат мекунам, дуруст ру ба руи чашмаш ҷомадонҳои қатор дар радиф истодаанд. Яъне, ки мо борбандиву борбигир надорем. Мехезем, мерем Тоҷикистон...
XS
SM
MD
LG