Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳими Усмон: "Агар Тӯраҷонзода раис мешуд..."


Аслан кадом авомил боиси сари мизи музокирот нишастани ҷонибҳо дар соли 1994 шуда буд?

Агар аз нигоҳи соли 1993 ва ибтидои соли 1994 ба воқеаҳо нигоҳ кунем на танҳо ҳукумат, балки тарафи мухолифин ҳам омодаи музокирот набуданд, намехостанд ин чизро. Душворӣ дар ҳукумат он буд, ки мамлакат мутамарказ набуд. Ноҳияҳо ва вилоятҳо на ҳама ба марказ тобеъ буданд дар соли 1993 ва 1994. Пул набуд дар Тоҷикистон. Теъдоди зиёди мардум гашта рафта буданд. Ин душвории ниҳоят сахте буд, ки давлатро маҷбур мекард то роҳи аз он баромаданро пайдо кунад. Барои мухолифин бошад саргардонии мардум дар хориҷи кишвар бисёр душвор буд. Тарси он буд, ки онҳо бозгашта ба ватан меоянд ва танҳо роҳбарони сиёсӣ берун аз ватан мемонанд. Махсусан баъди ташкил шудани барномаи «Хоки Ватан» дар радиои Тоҷикистон ин беҳтар эҳсос мешуд. Аз ин сабаб онҳо ҳам гарчи тайёр набуданд, маҳз бо нияти он ки аз ҳамин варта халос шаванд, омодагии худро ба музокирот эълом карданд. Лекин ҳарду ҷониб ҳам вақте омодагии худро изҳор кард дар моҳият аслан ин омодагӣ набуд, маҷбур буданаш маълум шуда меистод. Дар фикри ҳукумати Тоҷикистон пеш аз ҳама музокирот бозгардонидани гурезаҳо ба Тоҷикистон буд на проблемаи дигар. Агар ин масъала ҳал мешуд албатта проблемаҳои иқтисодии Тоҷикистон низ роҳи ҳал меёфт. Дар пешниҳоди мухолифин қабл аз ҳама ташкил кардани Шӯрои давлатӣ ва боздоштани фаъолияти Шӯрои олии Тоҷикистон, ки он вақт мақоми ягонаи давлатӣ буд. Яъне раиси Шӯрои Олӣ роҳбари Тоҷикистон буд. Яъне ҳарду ҷониб тавре розигӣ доданд, ки он розигӣ аслан розигимонанд ҳам набуд. Давлатҳое, ки ин ду қувваи ба ҳам зид ба онҳо такя мекарданд, онҳо ҳам кӯшиш мекарданд, ки ҳамин гуфтушунид оғоз шавад. Фаразан, Тоҷикистон сари Русия эътиқод дошт ва Русия кӯмакҳои минбаъдаи худашро ба Тоҷикистон марбут мекард ба он ки музокирот шурӯъ мешавад ё не.
Мухолифин такя мекарданд ба Ирон. Ирон ҳам кӯшиш мекард музокирот сар шавад. Зеро дар ҳамин замон манфиати Ирон ва Русия ба ҳамдигар наздик омада буд. Хуллас инро ҳамин тавр мебояд фаҳмид, ки ихтиёрӣ набуд, омилҳое буданд, ки онҳоро вомедоштанд, ки чашм пӯшанду ба гуфтушунид сар кунанд.

Ҳайати музокиротии мухолифин аз ибтидо то ба охир зери раҳбарии Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ин равандро ба интиҳо расонид, вале роҳбарони ҳайати музокиротӣ аз ҷониби ҳукумат зуд-зуд иваз мешуданд. Иллаташ дар чӣ буд?

Дар аввал чуноне медонед Шукурҷон Зуҳуров - вазири меҳнат роҳбари ҳайати мо буданд. Ва дар ду маҷлиси аввал раҳбарияти мухолифин дар шахси Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода қатъӣ талаб карданд, ки то вақте сатҳи тарафи ҳукумат баландтар нашавад мо дар музокирот иштирок намекунем. Воқеан дар давраи якум ва дуюми музокирот Тӯраҷонзода ва Ҳимматзода иштирок накарданд. Отахон Латифӣ роҳбарии ҳайати музокиротро ба дӯш дошт. Ва аслан Зайд Саидов ба сифати парторги ин музокирот дар паҳлуи Отахон Латифӣ қарор дошт, агар ҳамин хел гуфтан мумкин бошад. Барои ҳамин давлат маҷбур шуд, ки онро иваз кунад ва ҷаноби Достиевро фиристад. Ин тибқи хоҳиш ва талаби қувваҳои оппозисионӣ буд. Вале баъди он ки тарафи мухолифин аз интихоботҳои мо - дар соли 1994 аз ду интихоботи мо -норозӣ шуданд ва аслан гуфтушунид қатъ шуд, ҳукумат қарор дод, ки шахси боз ҳам ба раҳбарият наздиктар –муовини сарвазири Тоҷикистонро роҳбари ҳайати гуфтушунид таъин кунад. Ва ҳамин тариқ Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки роҳбари гуфтушуниди сулҳи тоҷикон буданд, ба ин гуфтушунид роҳбарӣ карданд. Дигар сабаби иваз шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев дар он буд, ки дар марҳалаи дуюми давраи панҷум, яъне дар моҳи январи соли 1996 дар Тоҷикистон эътисоб ба муқобили ҳукумат ба амал омад. Ёд доред, ки Ибод Бойматову Маҳмуд Худойбердиеву дигарҳо эътироз карданд ва яке аз шартҳои эътирозашон аз вазифа озод кардани Маҳмадсаид Убайдуллоев буд. Азбаски Маҳмадсаид Убайдуллоев аз вазифаи муовини сарвазир озод шуданд ё дар арафаи озод шудан қарор доштанд вале гуфтушунидро ба таъхир андохтан номумкин буд, давлат маҷбур шуд, ки роҳбарашро боз нав кунад. Ва аз ҳамин сабаб Талбак Назаров - вазири корҳои хориҷӣ роҳбари гуфтушунид таъин шуда то охир ин равандро бурданд.

Дар китоби «Сулҳнома» хотирнишон кардаед, ки дар музокироти дар шаҳри Алмаато баргузоршуда роҳбарони Осиёи миёна аз мавқеъи мухолифин бештар пуштибонӣ кардаанд. Сабаб дар чӣ буд?

Дар ҳамон вақт роҳбари Ӯзбакистон ва роҳбари Қазоқистон агар қавле, ки тарафи мухолифин доштанд, дуруст бошад -Ислом Абдуғаниевич ва Нурсултон Назарбоев ақидаро дар бораи ташкил кардани Форуми халқҳои Тоҷикистон пешниҳод ва дастгирӣ карданд ва тарафи мухолифин бо ҳамин пешниҳод омада буданд. Ва онҳо масалан Отахон Латифии раҳматӣ як рӯз гуфтанд, ки мо меравем Бишкек Аскар Акаевро ҳам мебинем агар розӣ шаванд се қувва мешавад ва инҳо моро дастгирӣ кунанд мамолики дигари ИДМ ҳам моро дастгирӣ мекунанд. Ва ҳукуматро маҷбур мекунанд, ки пешниҳоди ташкили Форуми халқҳои Тоҷикистон қабул шавад. Акаев ин фикрро дастгирӣ накард. Ва Елсин ҳам дастгирӣ накард ва ин фикр дар ҳамон шаклаш боқӣ монд. Форуми халқҳои Тоҷикистонро мо чаро қабул накардем? Барои он мо қабул накардем, ки вай аслан ҳамон Шӯрои давлатӣ бо ном ва механизми дигар пешниҳод шуда буду халос.

Аммо чаро Каримов ва Назарбоев дастгирӣ мекарданд? Яъне муносибаташон бо мақомоти расмии Тоҷикистон тира шуда буд?

Ман гумон мекунам, ки шояд баъзе нофаҳмиҳо байни роҳбарияти Тоҷикистон ва раҳбарияти Ӯзбакистону Қазоқистон ба амал омада буд. Чун дақиқ ба ин мавзӯъ ворид нестам, ман фақат шубҳа карданам дар ин мавзӯъ, ки азбаски роҳбарияти мухолифини моро ҳеҷ вақт раҳбарияти Ӯзбакистон ва Қазоқистон аз ин пеш қабул накарда буд ҳатто онҳоро интиқод мекарданд байни марҳалаи чоруму панҷуми музокирот ин чиз ба амал омад, пас ягон ранҷише дар ин миёна ба амал омада будааст. Шояд аз ҳамин сабаб ҳам онҳоро дастгирӣ карданд.

Дар яке аз саҳифаҳои ин китоб зикр кардаед, ки Саид Салимов яке аз аъзои ҳайати ҳукуматӣ дар яке аз баҳсҳо бо ишора ба зодгоҳатон таъна кардааст, ки Шумо сулҳ намехоҳед. Ӯ гуфтааст, ки инҳо (яъне мухолифин ) ҳукуматро гирифта истодаанду вазъияти мо бад шуда истодааст шумоҳо намехоҳед, ки оштӣ миёни ҷонибҳо шавад. Чаро чунин сӯҳбатҳо пайдо шуданду шумо таҳти шубҳа қарор гирифтед?

Як ҳуҷҷате ба имзо расида буд дар Маскав дар моҳи декабр хостанд ҳамин ҳуҷҷатро дар Теҳрон тағйир диҳанд. Тарафи мухолифин ҳамин ҳуҷҷатро тағйир додан мехост. Ман мухолифи тағйир додани ин ҳуҷҷат будам ва Саид Салимов тарафдори тағйир додани ин ҳуҷҷат буданд. Ва албатта баъди он ки ҷаласаҳо тамом мешуданд мо байни ҳам баҳс мекардем. Аммо ин саволе, ки шумо кардед чӣ сарахбор дорад? Ин воқеа моҳи январи соли 1997 дар Теҳрон рух дода буд. Вале барои он ки ба асли қазия бирасем нигоҳ бояд кард, ки соли 1996 чӣ ҳодиса рух дода буд. Соли 1996 ҳамон эътисобе буд, ки Маҳмуд Худойберди ташкил карда буд. Дар моҳи июли ҳамон сол ӯ амалан муқобили ҳукумат ҷанг эълон карда ҳамчун полковник ба савганди низомиаш хиёнат карда буд. Он вақт дар сари иддае аз мардум андеша пайдо шуд, ки ин одам аз минтақаи дигар аст. Аз минтақаи Суғд аст. Ҳатто дар баъзе маҷлисҳо ин гапро дар шакли ошкоро мегуфтагӣ шуданд. Ва ман дар иҷлосияи Маҷли Олӣ дар суханрониам таъкид кардам, ки ба Маҳмуд Худойбердиев на ҳамчун намояндаи минтақаи дигари Тоҷикистон нигоҳ кардан даркор, ҳамчун ба полковнике нигоҳ кардан даркор, ки ба савганди худаш хиёнат кардааст, ба вазифааш хиёнат кардааст. Чизи дигар вақте, ки дар Хусдеҳ муоҳидаи байни президент ва роҳбари ИНОТ имзо шуд, ҷаноби Тӯраҷонзода аз ин чиз норозӣ монданд. Ва баҳси ҳамин норозигии онҳо дар маҷлиси моҳи январи соли 97 байни устод Тӯраҷонзода ва устод Латифӣ иттифоқ афтода ҳатто дар маҷлиси умумӣ ҳам давом мекард. Латифӣ ҳатто як маротиба асабиёна зикр карданд, ки ин созишномаро ман имзо накардаам ва имзо ҳам карда бошем ман ҳам мисли шумо ҳуқуқ дорам, ки фикрамро мустақилона ин ҷо баён кунам. Яъне дар ҳамин авохири соли 1996 ва 1997 як навъ фикрҳои ба маҳалҳо такя дошта гоҳ-гоҳе рух медод. Вале ин маънои аз ҳам дур рафтани тарафҳоро ифода намекард. Масалан ман ҳамеша як чиз доштам, тарафи ман ҳамеша ҳукумат буд. Маҳал ё чизи дигар набуд. Барои чӣ маҳз Саид Салимовро таъкид кардам? Дар байни музокиракунандагон яке аз боақлтаринҳояш аз тарафи ҳукумат ӯ буд. Вақте дар сари ҳамин одам ҳам ин фикр ба амал омад ман лозим донистам, ки дар китоб инро як дафъа зикр кунам.

Ҳамчунин дар ҷое дигар зикр кардаед, ки президент дар яке аз сӯҳбатҳо гуфтааст, мафия аз Хуҷанд ба мухолифин хурокворӣ кӯмак карда истодааст. Ва имкон дорад А. Абдуллоҷонов дар музокироти Теҳрон ширкат варзад. Оё воқеан чунин ҳаракатҳо аз ҷониби Абдуллоҷонов сурат гирифта буд , ки бо мухолифини мусаллаҳи тоҷик ҳамкорӣ кунад?

Гумон мекунам буд. Ба кадом маъно? Охири соли 1996 Абдуллоҷонов ба Созмони Милали Муттаҳид нома навишта гуфт, ки ба мо ҳам рухсат диҳед дар музокироти сулҳи тоҷикон иштирок кунем. Муншии умумии СММ ҷавоб дод, ки дар асоси ризоияти ҳарду тараф шурӯъ шудааст ва танҳо ризоияти ҳарду тараф метавонад ширкати қувваи дигар даркор ҳаст ё не онро муайян кунад. Дар моҳи январи соли 1997 чандин маротиба тарафи мухолифин пешниҳод карданд, ки гурӯҳи Абдуллоҷонов ҳам бояд дар музокирот иштирок кунад. Аз ҳамин нуқтаи назар онҳо суроғ доштан роҳи ҳамкорӣ карданро бо Иттиҳоди неруҳои мухолифин. Ин ҳамкорӣ чӣ шакл медошт инро ман гуфта наметавонам. Лекин онҳо дар он қувва як навъ василаи бозгашти худро ба ҳукумат медиданд.

Дар ҷойи дигар навиштаед, ки мутаассифона, фоҷиаи ҳукумати имрӯзаи мо дар ҳамин аст, ки баъзеҳо президентро муҳите ба вуҷуд меоваранд, ки рӯҳияи ғайримиллӣ ба вуҷуд ояд. Барои тоҷик чӣ фарқ дорад, ки ӯ аз куҷост- Хатлон, Хуҷанд, Ғарм ё Бадахшону Ҳисор. Имрӯз ба назари Шумо ҳамин вазъияте, ки дар китоб зикр кардаед, чӣ гуна аст?

Чанд мусоҳибае, ки вақтҳои ахир дар матбуоти тоҷик чоп шуд, аз ҷумла ҳатто дар мусоҳибаҳои кӯтоҳи он чаҳор нафаре, ки низ даъвогари мансаби президентӣ буданд, ҳамеша як масъала зикр мешуд. Бисёр мехостем, ки масъалаи кадр, интихоби кадр дар Тоҷикистон танзим карда шавад. Моҳияти ин масъала дар ҳамин гуфтаҳо зоҳир мешавад. Яъне интихоби кадр аз рӯи лаёқат буданаш даркор, аз рӯи салоҳият буданаш даркор аз рӯи донишу фаҳмиш буданаш даркор. Ман дар соли 2001 дар ин бора гуфта бошам, ашхоси дигар, ашхоси расмӣ дар соли 2006 ин гапро таъкид карданд. Пас ин масъала то ҳанӯз ҳалли пурраи худро пайдо накардааст.

Боз ҳам дар асоси навиштаи китоби «Сулҳнома». Дар як ҷо навиштаед, ки айнан меоварам, «чунин ба назар мерасад, ки боиси қаҳри Тӯраҷонзода аз ҳамсангаронаш дар он буд, ки дар КОМ ӯро неву Нуриро раис монданианд. Ӯ раиси КОМ шудан мехост. Ва агар дар воқеъ ӯ раиси КОМ мешуд, КОМ на он тавре мебуд, ки мо дар амал дидем.» Шумо манзуратон чӣ аст?

Барои он ки манзури маро бифаҳмед ба ин ҷумлаҳо таваҷҷӯҳ кунед. Ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ инсони бисёр олӣ, донишманди бисёр олии солҳаи дин, шахси бисёр ватанпараст, вале сиёсатмадори комил нестанд, аз нигоҳи ман, набуданд. Ҷаноби Тӯраҷонзода ҳам донишманди соҳаи худашон ҳам донишманди соҳаи сиёсӣ, ҳам амалкунандаи сиёсӣ, ҳам одаме, ки то соли 1993 дар муҳити сиёсии Тоҷикистон аз неруҳои динӣ ба сифати шахси якум намояндагӣ мекард. Пас агар ба сифати роҳбари Комиссияи оштии миллӣ агар ӯ таъин мешуд, КОМ як мақоми қавитар, бисёр қавитаре на ба манфиати шояд ҳукумат мешуд. Ва он кадрҳое, ки дар замони ҷаноби Нурӣ тасдиқ шуданд, на ҳамаи онҳо таъйин мешуданд ба вазифаҳо, ман гумон мекунам. Зеро вазъият хусусияти дигархелтар мегирифт. Ман ҳамин чизро дар назар дорам.
XS
SM
MD
LG