Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тендер барои Роғун


Аммо қабл аз ҳар чиз бояд гуфт, ки ин тасмим, қабл аз он ки аз забони мақомоти Тоҷикистон садо дода бошад, намояндагони ширкати русии РАО ЕЭС аз он сӯҳбат кардаанд. Андрей Рапопорт, мудири иҷроияи ширкати РАО ЕЭС-и Русия баъди мулоқоти худ бо мақомоти Тоҷикистон гуфт: «Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон асноди лозим ҷиҳати эълони муноқисаи байналмилалӣ ба манзури идомаи сохтмони Роғунро таҳия мекунад. Ман дар ин маврид иттилоъ дорам. Ва мо вазифадорем, ки дар ин муноқиса иштирок кунем».

Ба гуфтаи оғои Рапопорт, ширкати РАО ЕЭС - и Русия дар ибтидо низ қасд дошт дар анҷоми сохтмони Роғун саҳм бигирад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон созишномаи сохтмони Роғунро дар соли 2004 бо ширкати дигари русӣ бо номи РусАл имзо кард, ки ба иддаои мақомоти Тоҷикистон ин ширкат ба тааҳҳуди худ амал накард. Ва се соли Тоҷикистон бар ҳадар рафт. Барои РАО ЕЭС акнун фурсати муносиби бозгашт ба ин тараҳ фароҳам шудааст.

Аммо созишномаи миёни РусАл ва Ҳукумати Тоҷикистон ба қувваихуд боқист. Ва то ин созишнома ба қувваи қонунии худ боқист, эълони тендери байналмилалӣ тибқи муқарарот имкон надорад. Вале ҳадаф аз ин гуна изҳороти мақомоти Тоҷикистон чист? Билохира, дар воқеъ хориҷ шудан аз созишнома бо РусАл ва ҷалби дигарон барои сармоягузорӣ ва ё ҳам ҳушдор додани ин ширкат, то ба тааҳҳуди худ амал кунад?

Абдуғаффори Камол, коршиноси тоҷик мегӯяд, дар воқеъ Ҳукумати Тоҷикистон ба ин натиҷа расидааст, ки идомаи ҳамкорӣ бо РусАл дар ин замина натиҷае надорад ва тасмими эълоншуда бояд қарори қатъӣ бошад: «Тоҷикистон дар шароите, қарор дорад, ки агар муболиға нашавад, ҳатто фурсате, вақте барои талаф додан надорад. Чун кишвар ба шиддат аз назари истиқлолияти энержӣ ақиб мемонад. Агарчи аввалан гуфтанд, ки инро ширкатҳои русӣ месозанд, РусАл, баъд гуфтанд, ки на, Ҳукумати Русия месозад ва ҳамин тавр ҳеҷ яке аз онҳо насохт ва мо фурсатҳоро аз даст медиҳем».

Дарвоқеъ, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар поёни соли гузашта изҳор дошта буд, ки сохтмони Роғунро бо имкон ва воситаҳои дохилӣ дар соли равон оғоз хоҳанд кард. Коре, ки то ҳанӯз амалӣ нашудааст. Вале дер ё зуд бояд бишавад.

Аммо дар сурати хориҷ шудани РусАл аз пружаи Роғун чӣ ширкате ҷойгузини он хоҳад шуд? Оё ширкатҳои дигари русӣ назири РАО ЕЭС вориди майдон хоҳанд шуд ва ё роҳ барои ҷалби сармояи кишварҳои дигар ва аз ҷумла сармоягузорони ғарбӣ низ боз хоҳад шуд?

Қосимшоҳ Искандаров, мудири маркази мутолеъоти минтақаӣ дар пажӯҳишгоҳи ховаршиносӣ мегӯяд: «Дар воқеъ як мушкили мо ин аст, ки ширкатҳои русӣ вақте дар ин барномаҳо саҳм мегирад, мехоҳад дигар ширкатҳо ва сармоягузорон дар ин ҷо ҷойи по надошта бошанд. Мисле, ки ҳама дигарон низ чунин мекунанд. Хуб мешуд, ки ширкатҳои дигар низ дар ин тендер иштирок кунанд ва бигузор Русия феълан сохтмони Сангтудаи 1 ро ба поён расонад, ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад. Вале хуб мешуд агар кишварҳои дигаре низ мисли Чин, Ҷопон, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ дар ин тендер иштирок мекарданд».

Аммо Абдулло Қодирӣ, коршиноси Маркази таҳқиқоти стротежии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ишора ба амал накардани РусАл ба тааҳҳудаш иқдоми давлати Тоҷикистонро барои эълони муноқиса қатъӣ медонад, вале мегӯяд, то ҷое, ки имкон аст, бояд ниругоҳи Роғун тавассути сармояи дохилӣ сохта шавад.

Аммо аз ин ҳам кӣ бигзарем, мегӯяд Қосимшоҳ Искандаров, шояд муҳмитар аз ҳама ширкати созандаи Роғун набошад, балки худи сохтани он бояд муҳим бошад, вале ба ҳангоми эълони тендер иштибоҳоте, ки ҳангоми ақзи қарордод бо РусАл сурат гирифта буд, бояд ислоҳ шавад: «Бояд ба сурати муқаддамотӣ ҳамаи шартҳо ва корҳо иҷро шавад, ки баъди эълони барандаи тендер мушкил эҷод нашавад, ки ин садд бояд чанд метр сохта шавад ва масолеҳи таркибаш аз чӣ бошад. Мисли он ки дар намунаи РусАл шоҳид шудем. Бинобар ин ҳамаи таклифҳо бояд то оғози тендер маълум бишавад. Зеро Тоҷикистон наметавонад, бист соли дигар интизори сохтани ин ниругоҳ бинишинад. Аз ин лиҳоз бояд коре кард, ки барандаи тендер бидуни шарт барномаро комилан тибқи шароити пешакӣ муайяншуда анҷом диҳад».

Вале ҳарфе, ки ногуфта монд, мушкили аслии Роғун буд, ки чаро ҷониби Русия ба тааҳҳуди худ дар сохтани он амал накард? Бисёре аз коршнисон муътақиданд, ки мухолифати кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон назири Узбакистон боис шуда то РусАл аз сохтмони Роғун худдорӣ кунад.

Абдуғаффори Камол мегӯяд, эълони тендер шояд мушкили Роғунро ҳал накунад ва дар сурати пайдо шудани сармоягузорони ғарбӣ низ имкон дорад ба далели мухолифати ҳамсояҳо Роғун нимасохта боқӣ бимонад: «То имрӯз агар корҳои сохтмонӣ дар ниругоҳ оғоз нашуд, мушкил мушкили камбуди маблағ набуд, мушкили корфармо ва фаромишгар низ набуд. Балки мушкил дар сари баландии садди обанбор буд, ки аввалҳо пинҳон ва баъдан ошкор гуфта мешуд, ки Узбакистон ба ин баландӣ мухолифат мекунад. Ва ин мухолифат боис шудааст, ки Русия ё ширкатҳои русӣ ҷуръат накунанд, ки ба оғози сохтмон бипардозанд. Акнун суол ин ҷост, ки вақте як ширкати дигар биояд, ин мушкил ҳал хоҳад шуд ё на? Ҳукумати Тоҷикистон бояд ин масъаларо бо Узбакистон ҳал кунад ва тавре ба тавофуқ бирасанд. Ва ҳам дар тасмим гирифтан ва амал кардан он қадар истиқлол дошта бошад, ки барояш назари дигарон агар ба манфиати Тоҷикистон мухолиф аст, муҳим набошад ва бар асоси хостаҳо ва манофеъи миллии худ қотеъона амал кунад. Роҳи севвум вуҷуд надорад».

Аммо бархе дигар коршиносон ҳам мегӯянд, ки бояд хостаҳо ва фишорҳои ҳамсояҳоро сарфи назар кард ва дар сурати дар ихтиёр доштани сармояи кофӣ давлати Тоҷикистон амалан ин имконро дорад, ки сохтмони Роғунро ба анҷом бирасонад. Тарси ҳамсояҳо аз сохтани обанбори Роғун, ки бузургтарин садд дар минтақа хоҳад буд, аз он аст, ки имкони танзими манобеъи об аз ҷониби Тоҷикистонро бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG