Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати адлия аз даъвои худ нисбат ба ҲСДТ даст кашид


Субҳи имрӯз, 24 апрел дар як мурофиа дар Додгоҳи Олӣ Вазорати адлия аз даъвои худ нисбат ба Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон даст кашид ва бо ин хатари тавқифи фаъолияти ин ҳизби оппозитсионӣ аз байн рафт.


Вазорати адлияи Тоҷикистон ҲСДТ-ро ба додгоҳ кашида хостори тавқифи фаъолияти он барои шаш моҳ шуда буд ва сабаби ин даъвои худро нақзи муқаррароти қонуни фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби ҲСДТ арзёбӣ карда буд.


Ва аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ ҳама иттиҳомоти эъломкардаи ин вазоратро бепоя арзёбӣ карда гуфта буд, ин қазия ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG