Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Елсин: Нигоҳ аз Тоҷикистон


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шахсияти Елсинро ҳамчун сиёсатмадори дараҷаи аввал чунин сифат мекунад: «Борис Елсин як сиёсатмадори ғайримаъмулӣ буд. Вай дар аксари қолабҳое, ки барои як сиёсатмадор вуҷуд дорад, ҷойгир намешуд. Суханронӣ, фикронӣ ва ҳатто рафтораш аз қолабҳои маъмулии сиёсӣ берун буданд».

Борис Елсин, тавре таҳлилгарон мегӯянд, дар таърихи сиёсии Тоҷикистон бо ду чеҳра намудор мешавад. Аз сӯе ӯ ва атрофиёни вайро дар доман задани ҷанги дохилии Тоҷикистон муттаҳам медонанд, аммо аз сӯи дигар, кӯшишҳои ӯро дар роҳи истиқрори сулҳи тоҷикон муҳим арзёбӣ мекунанд. Аз Муҳиддин Кабирӣ мепурсам, ки оё чунин андешаҳо то куҷо дуруст ҳастанд?

Муҳиддин Кабирӣ: «Рӯзҳои аввали истиқлолияти Тоҷикистон Елсин сиёсати Русияро ба дасти низомиҳо дода буд ва метавон гуфт, ки сиёсати русҳоро доираҳои низомии ин кишвар бо роҳбарии вазири мудофиаи вақт ва оқои Козирев, ки комилан бо олами Ислом ва Шарқ рабт ва майли ҳамкорӣ надошт, сиёсати Русияро он солҳо муайян мекарданд ва табиист, ки ин бардошти ҳукумати Русия дар ҳодисаҳои Тоҷикистон таъсир дошт».

Борис Елсин дар ҳоле ба саҳнаи сиёсӣ омад ва ҳамчун шахсияти сиёсӣ нуфуз пайдо кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар марҳилаи пошхӯрӣ қарор дошт ва худи Русияро давраи кашмакашҳои сиёсӣ фаро гирифта буд.

Имрӯз маҳофили сиёсии Тоҷикистон асосан хидмати Борис Елсинро дар мавриди имзо расидани созишномаи сулҳи тоҷикон муассир медонанд. Зафар Саидов, сухангӯи вақти раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз он рӯзҳо ёд мекунад ва мегӯяд, бори аввал ибораи таъсиси Кумиссиюни оштии миллиро аз забони Елсин шунидааст.

Зафар Саидов: «Дар ёд дорам, ки бори аввал ибораи Комиссияи оштии миллии тоҷиконро маҳз Борис Елсин ба забон оварда буд. Пас аз ин изҳороти Борис Елсин ин ибора эътибор пайдо кард ва ахиран дар соли 1996 миёни раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари вақти Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин дар ин бора санаде ба имзо расид, ки аз зарурати таъсиси комиссияи оштии миллӣ дарак медод».

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, аз он ки Елсин ба системаи тоталитарии Шӯравӣ хотима гузошту дар тафаккури одамон андешаҳои демократиро ҷой дод, то андозае аз сиёсатмадори муваффақ будани вай далолат мекунад.

Шокирҷон Ҳакимов: «Борис Елсин дар бисёр масъалаҳо қолабшиканӣ кард. Вай аз ҷумла пеш аз мӯҳлат аз мансаби райиси ҷумҳурии Русия истеъфо дод. Ин омили хеле муҳим аст, ки имрӯз оид ба розигӣ додани Путин оид ба иштирокаш дар интихоботи навбатӣ бар хилофи Конститутсия сабаб аст».

Дар маҷмӯъ, таҳлилгарону сиёсатмадорони тоҷик нақши Борис Елсинро дар заиф гардонидани низоми коммунистӣ дар қаламрави собиқ Шӯравӣ барҷаста медонанд.
XS
SM
MD
LG