Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қулов тақозои озодии мушовиронашро кард


Феликс Қулов, раҳбари мухолифин ва собиқ нахуствазири Қирғизистон гуфт, ки дирӯз полис ду мушовири наздики ӯро боздошт намуд. Қулов, ки дар як нишасти матбуотӣ аз зодгоҳи худ, деҳаи Бойтики наздики Бишкек сӯҳбат мекард, аз мақомот тақозо намуд, ки Омурбек Суманалиев ва Омурбек Абдураҳмоновро озод кунанд.


Қулов гуфт, нисбат ба ширкатдорон ва ташкилкунандагони ҳамоишҳои мазкур муҳокимаҳои судӣ дар назар гирифта нашудааст.


Дар ҳамин ҳол, вакили парлумон Темир Сариев бо нахуствазир Алмос Отамбоев мулоқот намуда аз ӯ хост, ки пуштибонони мухолифинро мавриди пайгарди қонун қарор надиҳанд.


Рӯзи якшанбе нахуствазир гуфт, эътирозгароне, ки бо нирӯҳои полис вориди даргирӣ шуданд, муҷозот хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG