Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон аз Борис Елсин ёд мекунанд


Раҳбарони ҷаҳонӣ ба даргузашти собиқ раиси ҷумҳурии Русия Борис Елтсин изҳори тасаллият мекунанд. Вай дирӯз дар Маскав бар асари норасоии қалбӣ дар синни 76-солагӣ даргузашт.


Владимир Путин дар як паёми телевизиониаш аз Елтсин чун пешвои озодиву демократия ёд ва тасаллияти худро ба хонаводаву наздикони аввалин президенти Русия баён кард.


Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии ИМА Елтсинро барои раҳнамойии кишвар ба самти озодӣ баъди пошхӯриии Шӯравӣ ситоиш кард.


Бо паёмҳои шабеҳ дирӯз нахуствазири Бритониё Тони Блэр, ва собиқ нахуствазирони ин кишвар Ҷон Мейҷор ва Маргарет Тетчер изҳорот доданд.


Собиқ раиси ҷумҳурии ИМА Билл Клинтон, ки давраи раҳбариш ба солҳои 90-ум рост омад, гуфт, ки дар насиби Елтсин рӯзҳои сахте будааст, чунки вай бояд баъди шикасти Иттифоқи Советӣ раҳбарии кишварро ба ӯҳда мегирифт. Аммо Клинтон афзуд, ки таърих бояд ба вай меҳрубон бошад, чунки вай дар масоили бузурги мисли сулҳу озодӣ ва пешравӣ хеле ҷасур ва устувор буд.


Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун гуфт, ки Елтсин барои нақши муҳиме, ки дар роҳандозии ислоҳоти сиёсиву иқтисодии Русия бозӣ кардааст, дар ёдҳо хоҳад монд.


Раҳбари охирини Шӯравӣ Михаил Горбачев баробари шунидаи хабари даргузашти Елтсин вокуниши омехта нишон дод. Вай гуфт, ки Елтсин барои "аъмоли бисёр бузургаш ба хотири беҳбудии кишвар" ва ҳамчунон барои "иштибоҳҳои ҷиддиаш" масъулият дорад.
XS
SM
MD
LG