Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Самара ба қатли духтарчаи нӯҳсолаи тоҷик иқрор шудааст


Мақомоти интизомии шаҳри Самараи Русия як сокини маҳаллиро бо ҷурми даст доштан дар таҷовуз ва қатли духтараки нӯҳсолаи тоҷик Шукрона Шукурова боздошт карданд.


Хабаргузории «Интерфакс» бо истинод ба додситонии Самара менависад, боздоштшуда Сергей Чугунов дар як бино бо хонаводаи духтарак ба сар мебурдааст ва ҷабрдидаро мешинохтааст.


Додситонӣ мегӯяд, Чугуновро дар ҳолати бадмастӣ дастгир кардааст ва ӯ дар таҷовуз ба номус ва қатли Шукрона Шукурова иқрор шудааст.


Шукронаи ноболиғ ҳамроҳ бо модараш ва хоҳари сесолааш дар яке аз хобгоҳҳои Самара мезистаанд ва ҷасади ӯро танҳо пас аз як рӯзи нопадид шуданаш шоми рӯзи 17-уми апрел дар наздикии рӯдхонаи Самарка пайдо кардаанд.


Имрӯз додгоҳ оид ба пешниҳоди иттиҳомот алайҳи Сергей Чугунов дар таҷовуз ва қатли Шукрона Шукурова ва ҳабси муваққати ӯ то собит шудани гуноҳҳояш ҳукми худро содир мекунад.
XS
SM
MD
LG