Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як донишҷӯи Донишгоҳи исломӣ бо иттиҳоми таълими ғайриқонунии динӣ


Дар Душанбе аз фаъолияти мадрасаи ғайриқонунии динӣ барои кӯдакон ҷилавгирӣ шудааст.


Шоми дирӯз, 23 апрел, Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон гуфт, як донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дар манзили иқоматаш дар маҳаллаи 33-юми пойтахт мактаби динӣ таъсис дода ва тайи як моҳ 12 кӯдаки аз чор то чаҳордаҳсоларо иҷборан дар он нигаҳдорӣ мекардааст.


Манбаъ меафзояд, ба гумони ғолиб худи волидон фарзандонашонро ихтиёран тобеи ин «мактаб» кардаанд.


Парвандаро додситонии ноҳияи Синои пойтахт таҳқиқ мекунад.


Ахиран, дар пайи тафтиши додситонии Душанбе, дар пойтахт наздики 350 масҷиди ғайриқонунӣ амалкунанда маълум шудааст ва ин ҳам дар ҳоле ки танҳо 16 масҷид иҷозаи расмии фаъолиятро доштаанд.
XS
SM
MD
LG