Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Борис Елсин


Рӯзи душанбе, 23 апрел, раиси ҷумҳури нахустини Русия Борис Елсин дар синни 76-солагӣ аз дунё даргузашт.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст. Хабаргузории русии "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ навиштааст, сабаби марги раиси ҷумҳури аввалини Русия ба таври ногаҳонӣ аз кор бозмондани дилаш будааст.

Борис Елсин аз соли 1991 то 31 декабри соли 1999 дар маснади раёсати ҷумҳури Русия буд ва дар суханронии худ ба муносибати фарорасии соли нави 1999 ба таври ногаҳонӣ аз мақомаш истеъфо дода буд.

Тафсилоти бештари даргузашти ӯ дар дақоиқи наздик дар сомонаи Озодӣ интишор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG