Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоби Фаронса: Рост ва ё чап? Саркозӣ ё Роял?


Дар фурсати боқимонда Саркозӣ ва Роял, ки яке намояндаи ростгаро ва дигаре чапгапроён аст, бояд дили тарафдорони номзади марказгаро Франсуа Бейруро, ки ҷои саввумро гирифт, ба даст оранд. Худи Бейру ҳанӯз нагуфтааст, ки ба кадоме аз ду номзад майл хоҳад кард. Вале аксари 10 номзади боқимонда аз хонуми Роял пуштибонӣ карданд.

Ба ақидаи таҳлилгарон ҷалби тарафдорони Бейру барои ҳарду номзад кори сахте хоҳад буд, зеро онҳо маъракаи худро асосан дар ду қутби ба ҳам зид созмон доданд ва акнун бо мақсади ҷалби тарафдорони Бейру маҷбур хоҳанд шуд, ба марказтар майл кунанд, яъне амалан ба ҳам наздиктар шаванд.

Дар аввалин лаҳзаҳои тағйири вазъият Саркозӣ, ки як сиёсатмадори ботаҷриба шумурда мешавад, даври аввалро пирӯзии демукросӣ номид ва ширкати густардаи мардумро далели он шумурд, ки мардум намехоҳад, дигарон барояш тасмим бигиранд.

Дар ҳоле ки ҳавохоҳонаш аз ӯ истиқбол мекарданд, Саркозӣ гуфт, дар ҷойи аввал қарор додани номзадии ӯ ва баъд аз он хонуми Роял аломати ин аст, мардум мехоҳад ба баҳси ду биниши ояндаи кишвар хотима гузорад.

Дар суханони аввалини хонуми Роял, пас аз эълони натиҷаҳои овоздиҳии рӯзи якшанбе, низ талоши густариши пойгоҳ эҳсос шуд. Хонуми Роял гуфт, ки ӯ на танҳо ба равияи суннатии ситезагарии сотсиалистӣ шомил аст, балки мехоҳад, ҳамаи ҷумбишҳои чап, зистмуҳитиён ва афроди берун аз ин маҳофилро гирдиҳам орад.

Таври маълум аз Саркозӣ 31, Роял 26 ва Бейру 19%-и райъдиҳандагон пуштибонӣ карданд. Ин 19% дар даври навбатӣ сарнавишти сабқатро ҳал хоҳад кард.

Мушкили интихобкунандагон дар ин буд, ки то охирин лаҳза наметавонистанд, тасмими мушаххас бигиранд ва ширкат накардани Жак Ширак дар интихобот шиъори "ҳаркӣ, аммо на Ширак!"-ро, ки дар интихоботи гузашта нақши муҳим дошт, номумкин гардонд. Набуди як масъалаи умда ва мушкил ҳамчун коғази лакмусии озмуни номзадҳо интихобро ба дарди сари раъйдиҳандагон табдил дода буд. Вале акнун як сабукие насиби онҳо хоҳад шуд. Бояд аз ду якеро интихоб кунанд, ки мард ё зан, мушти сахт ё лабханд, манофеъи ширкатҳои бузург ё шахси алоҳидаи миёнаҳол, тақвияти иқтисодиёт ва ё густариши амнияти иҷтимоӣ, ҳамоиши муҳоҷирони арабу африқоӣ дар ҷомеаи фаронсавӣ бо фишор ва ё бо ҳамдардӣ. Бисёре аз нашрияҳои Аврупо ҳаминро низ интихоби душвор меноманд ва пирӯзии ҳарду номзадро ҳам дар ҷалби 19%-и тарафдорони марказгаро кори сахт унвон мекунанд. Вале дар як чиз онҳо ҳамфикранд, ки ҳар натиҷаи раъйдиҳии шашуми май оғози дигаргуниву ислоҳот дар Фаронса хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG